Мавриди истифода қарор гирифтани боз як майдончаи варзишӣ

Мавриди истифода қарор гирифтани боз як майдончаи варзишӣ
Июн 14
10:13 2018

Субҳи имрӯз майдончаи варзишии навбатӣ, ки сохтмони он таҳти сарпарастии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чигунае қаблан хабар дода будем, майдончаи варзишӣ ва бозии кўдаконаи навбатӣ дар шаҳраки 61, назди бинои истиқоматии 102-и кўчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгир буда, иншоот  дар масоҳати 4250 мқомат афрохтааст.

Дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти зикргардида, Насим Олимзодавазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Фирдавс Саидзода, Муовини Раиси шаҳри Душанбе, Ҷамшед Табарзода, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,  инчунин  комиссияи давлатии қабул, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарият ва  намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок нумуданд.

Иншооти мазкур аз майдончаҳои универсалии бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва нишастгоҳҳо барои истироҳати сокинон иборат мебошад.

Дар расми кушодашавии майдончаи варзишӣ зикр гардид, ки бунёди ин ва дигар иншооти варзиши дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, тамрину ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхӯшии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд, ки ин аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе, дар доираи супоришҳои хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрдорию шаҳрсозӣ ва дар заминаи он тарғиби тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад.

Аҳли ҷамоатчигӣ ва истиқоматкунандагони маҳаллаи шаҳраки 61, назди бинои истиқоматии 102-и кўчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур, аз куллан дигаргун гардидан ва ободу зебо гаштани мавзеи ҷойгиршудаи майдончаи варзишӣ ва масоҳати гирду атрофи он  изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон зикр карда шуд ки бунёди чунин иншоот ва баргузории корҳои ободонию созандагӣ маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.  Аҳли ҷамоатчигӣ дар хотимаи суханронӣ пеш аз ҳама аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани чунин шароити мусоиди зист ва ба ҳаёти солим роҳнамун сохтани чавонону наврасон изҳори сипос гуфтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,152
  • 1,242
  • 950,172