Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018

Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи  аввали соли 2018
Июл 13
13:43 2018

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи  аввали соли 2018 ҷаласа доир гардид.

Рафти баргузории ҷаласаи мазкурро Насим Олимзода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари намуда,  дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, сардорон ва сармутахассисони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҷаласаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз таваҷҷуҳу дастгирии давлату ҳукумат, хоса дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд гардида, барои беҳдошти тандурустии аҳолӣ ва рушдии иҷтимоии он пайваста тадбиру чораҳои судманд меандешад.

Дар рафти чорабинӣ Насим Олимзода, ҳамзамон вобаста ба даргузашти Раҳматулло Раҳмонов, ноиби президенти Академияи илмҳои тиб ва мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки санаи 11 июли соли равон ба вуқӯъ пайваст, ба кулли кормандони соҳаи тандурустии кишвар изҳори ҳамдардӣ намуд. Дар идома роҷеъ ба хизматҳои шойёни марҳум Раҳматулло Раҳмонов  видео ролик ба намоиш гузошта шуда, аз кору пайкор ва нақши марҳум дар пешрафти илми тибби кишвар гуфтушунид сурат гирифта, вобасба ба ёдбуди  Раҳматулло Раҳмонов  дақиқаи хомушӣ эълон карда шуд.

Дар идомаи ҷаласа Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи ҳайати мушовара вобаста ба  натиҷаи фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ва нақшачорабиниҳои вазорат дар нимсолаи дуввуми соли 2018 баромад намуд.

Дар амал  татбиқ гардидани “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, рушди таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, пешбурди сиёсати кадрҳо ва илм, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон, вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ, татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,   аз мавзӯъҳои меҳварие буданд, ки дар кори ҷаласа  мавриди таҳлилу баррасӣ ва бозомузӣ қарор дода шуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, аз натиҷаи фаъолияти Вазорат дар нимсолаи аввали соли равон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз кормандону масъулини соҳа тақозо кард, ки барои боз ҳам беҳтару самараноктар гардидани хизматрасонии тиббӣ дар кишвар, дастрасии аҳолӣ ба он, рушди илмиву касбии тиб ва дигар ҷанбаҳои муҳим тамоми саъйю талоши худро ба кор баранд. Ҳамзамон, роҳбарияти Вазорат аз фаъолияти ғайриқаноатбахши бархе муассисаҳои соҳаи тандурустӣ интиқод намуда, ба масъулон ва роҳбарияти  онҳо барои ислоҳи вазъи пешомада ва пешбурди минбаъдаи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,148
  • 1,242
  • 950,168