Даври омӯзишӣ оид ба ворид кардани “Дастурамал оид ба гузаронидани таҳқиқ ва эътино ба хуруҷи бемориҳои сироятӣ”

Даври омӯзишӣ оид ба  ворид кардани “Дастурамал оид ба гузаронидани таҳқиқ ва эътино ба хуруҷи бемориҳои сироятӣ”
Июл 14
10:13 2018

Имрузҳо дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд даври омӯзишӣ оид ба  ворид кардани “Дастурамал оид ба гузаронидани таҳқиқ ва эътино ба хуруҷи бемориҳои сироятӣ” идома дорад. Иштирокчиёни даври омӯзишӣ табибон вогиршиносон, эпидемиологҳо, мутахассисони бахши таҳлил, кормандони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, мутахассисони соҳаи ветеринарӣ, намояндагони Кумитаи бехатарии ғизои назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон буда, зимни муҳокимарониҳо роҳҳои дурусту самараноки ворид кардани ин Дастурамалро мариди муҳокима қарор доданд.

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Дафтари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Сӯҳроб Воҳидов, сардори Раёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ  қайд намуд, ки дар амал ҷорӣ кардани ин Дастурамал ва дар чунин даврҳои омӯзишӣ фаҳмонидани истифодаи дурусти он барои пешгирӣ ва сари вақт дарёфт кардани гирифторони бемориҳои сироятӣ мусоидат намуда, замина барои табобати саривақтӣ ва босифати бемориҳо мегардад.

Андрей Гирсфорд, мушовири Бюрои минтақавии ТУТ, ки дар ин даври омӯзишӣ ба ҳайси назоратчӣ иштирок дошт, зикр кард, ки аллакай дар даври гузашта тренерон, омӯзгорони сатҳи миллӣ омӯзонида шуда, айни ҳол метавонанд мутахассисони дигарро барои кор омода кунанд.

Абдулаҳад Сафаров, менеҷери барномаи бемориҳои сироятӣ ва  ҳифзи саломатии Намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории ин ташкилотро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории босамар дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ изҳор намуд. Номбурда дар  мавриди даври омӯзишии навбатӣ изҳор дошт, ки интизор меравад, иштирокчиёни он барои гузаронидани таҳқиқ ва эътино ба хуруҷи бемориҳои сироятӣ бо истифода аз стандартҳои тасдиқгардида омодагии бештар мегиранд. Ҳадафи ин даври омӯзишӣ пешниҳоди ботафсили роҳҳои расидан ба ин ҳадаф коркард ва пешниҳод карда мешаванд.

Иштирокчиёни ин даври омӯзишӣ назари худро дар мавриди гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, пешгирии чунин ҳодисаҳо ва сари вақт пайдо кардани гирифторони бемориҳои сироятӣ, ташхиси дурусту саривақтӣ ва табобати самаранок иброз доштанд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар мавриди расидан ба ин ҳадаф кормандони васоити ахбори омма низ бояд ҷалб карда шаванд, зеро онҳо барои расонидани ахбори дурусту саривақтӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 951
  • 1,242
  • 949,971