“Корвони саломатӣ” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Июл 18
07:52 2018

Дар санаи 06.07.2018 сол бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеъа, дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023”,  “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2017-2020” ва  нақша чорабиниҳои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз 18.04.2018с, “Дар бораи баргузор намудани чорабинии  “Корвони саломатӣ”, фармоиши Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз 28 июни соли 2018, №166,МСД Тоҷикистон, ҷ/д 50 солагии Тоҷикистон, ноҳияи А. Ҷомӣ дар рафти чорабинӣ  20 нафар   мутахассисони тиббии вилоятӣ,1-адад дастгоҳи сабти барқии дил,  1-адад дастгоҳи ултрасадо,  нақлиётӣ дармонгоҳӣ сайёри тиббии Маркази СПИД-и вилояти Хатлон (бо 1 адад дастгоҳи ултрасадо ва таҳлилҳои ВНМО, қанди хун) ва табиби ҷарроҳӣ кўдакона барои гузаронидани амалиёти “Хатна” сафарбар карда шудаанд.Дар рафти “Корвони саломатӣ” 888  нафар эҳтиёҷмандон бо муоинаю ташхис тавассути дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ фаро гирифта, ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаронида  шуда, 353 нафар беморон  дарёфт карда шуд. Ба беморони дарёфт карда шуда тавсияҳо ва табобатҳо фармуда шуданд. Аз тарафи ҷарроҳи кўдакона 32 нафар кўдакон аз амалиёти “Хатна” гузаронида шуд. Аз тарафи табибони бемориҳои занона 273 нафар занҳои қобили таваллуд  аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуд, ки аз  он  ҷумла, занҳои  ҳомиладорон 61 нафар, таъмин намудан бо маводи контрасептикӣ 15 нафарро  ташкил медиҳад.  Аз тарафи табиби  асаб 33 нафар, табиби бемориҳои дил 72 нафар, аз он ҷумла СБД 46 нафар, мутахассиси бемориҳои  чашм 32 нафар, табиби ҷарроҳ  11нафар,  осебшинос  22 нафар, табиби бемориҳои ғадудҳои даруна 35 нафар, табиби бемориҳои  пусту  зўҳравӣ  16нафар, табибисаратоншинос 7 нафар,  духтури  бемориҳои кўдакона 82 нафар,  табиби уролог 11 нафар, табиби ГГБ 7 нафар, стоматолог 19 нафар, силшинос 11, сироятшинос 55 нафар гузаронида шуда,  тавсия ва табобатҳо  фармуда  шудаанд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 918
  • 1,242
  • 949,938