СОЛИМӢ-САРВАТИ БЕБАҲОСТ! Дар шаҳри Ҳисор бар зидди ВНМО мубориза мебаранд

СОЛИМӢ-САРВАТИ БЕБАҲОСТ! Дар шаҳри Ҳисор бар зидди ВНМО мубориза мебаранд
Июл 31
08:57 2018

Бо мақсади татбиқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  қоидаҳои гузаронидани  муоинаи тиббии  ҳатмии шахсони никоҳшаванда» соли равон дар Маркази саломатии  шаҳри Ҳисор 2113 нафар шахсони никоҳшаванда  ба таври ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, ки дар натиҷаи ташхиси тиббӣ  як нафар бо гирифтории  ВНМО, ду нафар бо бемории сил ва як нафар бо бемории гепатит муайян карда шуд. Дар ин бора  муовини директори Маркази саломатии шаҳри Ҳисор Абдусалом Носиров ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти номбурда, барои  баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии аҳолӣ баҳри пешгирии ВНМО Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Ҳисор, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази солимии репродуктивӣ дар байни аҳолӣ  дар асоси нақшаи таҳиягардида  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон тибқи иттилои директори  Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Ҳисор  Саттор Ҷабборов, ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шудааст.

Зикр гардид, ки имсол  дар Марказ 8798 нафар сокинонон аз ташхис гузаштанд, ки дар натиҷа ҳодисаи нави сироятёбии 24 нафар ба ВНМО ба қайд гирифта шуд. Аз соли 2005 то соли 2018 дар шаҳри Ҳисор 335 нафар сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо то имрӯз 90 нафар фавтидаанд. Аз шумораи умумии сироятёфтагон  кӯдакони то синни шонздаҳсола 33 нафар мебошанд, ки ҳамаи онҳо  бо доруҳои зиддиретровирусӣ ва кумакпулиҳо  таъмин мебошанд.

khovar.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 982
  • 1,242
  • 950,002