Ҷамъбасти мусобиқоти варзишӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ

Ҷамъбасти мусобиқоти варзишӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ
Август 06
11:22 2018

Санаи 04 августи соли равон дар майдони варзишии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”, маросими ботантанаи ҷамъбасти мусобиқоти варзишии ташкилнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Маврид ба таъкид аст, ки мусобиқаи дувоздаҳуми футболи хурд миёни дастаҳои мардона ва мусобиқаи шашуми волейбол байни дастаҳои занонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 30 июни соли ҷорӣ  оғоз гардида буд. Иқдоми мазкур  дар доираи тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҷашни зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ – «Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон», “85 солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷашни 27 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Дар арафаи ҷамъбасти мусобиқот Насим Олимзода, вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳтам Абдулозода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони муассисаву идораҳои мухталифи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.

Дар рафти ҷамъбасти мусобиқоти зикргардида, Насим Олимзода суханрони намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки; “Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо варзиш дар Тоҷикистон рушд намуда, дар заминаи он солимии аҳолӣ нигоҳ дошта шудааст. Дар ин росто Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиккистон, ки самти аслии фаъолияташ бевосита ба солимии аҳолӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои тарзи ҳаёти солим равона гардидааст, ҳамасола миёни кормандони муассисаҳои зертобеи худ чорабиниҳои варзиширо ба роҳ мемонад”.

Дар чорабинии мазкур Насим Олимзода ба ғолибон мукофот ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда куллӣ ҳозиринро бори дигар ба эълон гардидани   соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҷашни зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ – «Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон», “85 солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  табрик намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 638
  • 1,242
  • 949,658