Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорат доир гардид

Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорат доир гардид
Октябр 19
18:54 2018

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Шифобахш” вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2018 ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорат доир гардид.
Рафти баргузории ҷаласаи мазкурро Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии роҳбарӣ намуда, дар кори он сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, сардорон ва сармутахассисони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии хеш Саида Умарзода аз ҷумла иброз намуд, ки кормандон ва намояндагони дар умум соҳаи тандурустии мамлакат, бахусус роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз таваҷҷуҳу дастгирии давлату ҳукумат, хоса дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бархурдор буда, барои беҳдошти тандурустии аҳолӣ ва рушди иҷтимоии он пайваста тадбиру чораҳои судманд меандешад.
Татбиқи босамари “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, пешгирии паҳншавии ВНМО дар кишвар ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт, решакан намудани амалҳои номатлуби коррупсионӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва истифодабарии мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, рушди таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, пешбурди сиёсати кадрҳо ва илм, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон, вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ, татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласа буданд.
Дар рафти баргузории ҷаласа, инчунин роҳу василаи ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нави соҳа, ҷорӣ намудани усулҳои ҷадиди табобат, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, обод намудани бунгоҳҳои тиббии деҳот низ дар муассисаҳои тандурустии манотиқи дурдасти кишвар низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охири кори ҷаласа ҳайати мушовара, ҳамзамон аз камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи саривақтии онҳо ва як қатор дастуроти нав аз ҷумла; ҷудо намудани утоқҳои махсуси хатна дар муассисаҳои тандурустии кишвар, таъмини мутахассисон дар муассисаҳои тандурустӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тарзи ҳаёти солим бо мақсади беҳтар намудани сиҳатии аҳолӣ, бурдани корҳои ободонӣ дар муассисаҳои тандурустии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии мутахасисони соҳа, беҳтар намудани сифати назорати занони ҳомиладор дар деҳот, то охири сол гузаронидани муоинаи тиббии мактаббачагон, санҷиши кумакҳои унвонии ҳифзи иҷтимоӣ ба аҳолӣ, омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 дар муассисаҳои тандурустӣ, санҷиши ҳолати санитарии биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе, риояи либоси ягонаи кормандони тиб, иҷрои дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳайати мушовараи Вазорат ба роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, сардорон ва сармутахассисони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе дастур ва супоришҳои мушаххас доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 955
  • 1,242
  • 949,975