Хизматрасонии иҷтимоӣ- зери назорат

Хизматрасонии иҷтимоӣ- зери назорат
Ноябр 13
12:35 2018

13 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти роҳбарии директори Агентӣ Холзода А.Қ. ҷаласаи корӣ  доир гардид.

Дар ин бора аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомонаи www.moh.tj Вазорати тандурусти ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур оид фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасон ва иҷроиши истифодаи маблағҳои махсус дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар соли 2018” сармутахассиси шуъбаи молия ва хоҷагии Агентии мазкур Саидамиров Ш гузориш дод.

Инчунин оид ба ҷамъбаси мавсими истироҳатӣ дар осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати системаи Агентӣ дар соли 2018 гузориши сардори шуъбаи хизматрасонии   иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ Муминов М шунида шуд.

-Дар робита ба  масъалаи баррасишуда бахусус, истифодаи оқилонаи заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷобаҷогузории бошандагон дар хона-интернатҳо, вазъи риояи меъёрҳои санитарию эпидиомологӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии маводҳои доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои оинномавӣ, низомномаҳо, дастурамалҳои мансабӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ,  риояи меъёри ғизо ба бошандагон аз рўи меъёри тасдиқшуда, ҷамъоварӣ, захира ва истифодаи гиёҳҳои шифобахш, фаъолияти мунтазами  кори “Фитобар”-ҳо, омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019, бехатарӣ аз сўхтор, риояи одоби муошират, интизоми меҳнат ва сару либоси ягонаи кормандон ба роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  сардорони шуъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои қатъи дода шуд,-афзуд манбаъ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 712
  • 1,242
  • 949,732