Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорат доир гардид

Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорат доир гардид
Ноябр 23
17:46 2018

Имрўз ҷаласаи навбатии Ҳайати Мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва муовинони вазир, сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, сардорони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар сухани ифтитоҳии хеш дар оғози ҷаласа Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аҳли кормандони соҳаро бо рўйдоди муҳиму таърихии аср, яъне санаи 16 ноябри соли равон мавриди истифода қарор додани агрегати якуми Неругоҳи барқӣ-обии «Роғун» ва ҷашни Парчами миллӣ табрику муборакбод намуда, қайд намуд, ки дар ноил гаштан ба ин дастоварди таърихӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза бузург аст. Ў гуфт, ки маҳз азму талош, истодагарӣ ва пофишориҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат буд, ки мо ба ин дастоварди таърихӣ ноил гаштем ва имруз ин иншооти бузурги аср на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳониро низ дорост.

Ҳамчунин Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар зимни баромади худ аз тағйироти кадрӣ дар вазорат иттилоъ дода, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъин шудани Шодихон Ҷамшед ба унвони муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қироат намуд. Ҳамзамон, Хизматулло Шамсзодаро ба ҳайси директори Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ва Шералӣ Амиршоевро ба вазифаи сардори Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Бояд гуфт, ки Ҷаласаи ҳайати мушовара се масъаларо баррасӣ намуд, ки яке аз онҳо масъалаи вазъи иммунизатсия дар ҷумҳурӣ буд. Аз рӯи ин масъала Директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика  Азизов З. маъруза намуд. Ў дар бораи амалӣ шудани «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»  маълумот дода, дар поёни маърӯза ба суолҳо посух гуфт.

Сипас, оид ба масъалаи омодагии муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳафизов С. маърӯза ва перомуни масъалаҳои зикргардида маълумоти муфассал  пешниҳод намуд.

Инчунин дар ҷаласа маърӯзаи сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Раҳимов З.Я. роҷеъ ба ҷараёни амалисозии дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар кишвар шунида шуд.

Дар интиҳои ҷаласа Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз фаъолияти баъзе муассисаҳои тандурустии кишвар ва масъулини соҳа интиқод намуда,  барои ислоҳи вазъ ва рафъи камбудиҳо дастур ва муҳлати муайян дод.

Дар анҷоми кори ҷаласа қарори ҳайати мушовара қабул гардида,  барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда ва барои дар сатҳи хубу ташкилӣ гузаронидани мавсими зимистон, захира намудани маводи сўхт ва озуқа, омодагии муассисаҳо дар фасли сармо ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Вазорат ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 743
  • 1,242
  • 949,763