1 декабр -Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории норасоии масунияти одам

1 декабр -Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории норасоии масунияти одам
Декабр 01
09:40 2018

Сӣ сол пештар, дар соли 1988 бо пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 1 декабр ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории норасоии масунияти одам эълон гардид. Аз соли 1996 бошад, ин сана бо ибтикори Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ВНМО (ЮНЕЙДС) ҳамасола   бо ташкили чорабиниҳои зиёд  гузаронида мешавад.

Дар ин рўз миллионҳо нафар дар ҷаҳон лентаи сурхро, ки яке аз рамзҳои асосӣ ва таскинбахшандаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад, ба бар мекунанд. Ин рамз, инчунин ҳамаро ба он даъват месозад, ки нисбати ВНМО маълумоти бештар дошта бошанд ва дар пешгирии он саҳм гузошта тавонанд.

Имсол Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО бо ташаббуси Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид таҳти шиори «Хушҳолона зиндагӣ намо – аз вазъи солимии худ огоҳ бош»  гузаронида мешавад.

Амалисозии чорабиниҳо бар зидди ин сироят ба он равона гардидаанд, ки дар давоми 10-15 соли оянда пеши роҳи ин эпидемияи марговар гирифта шавад. Ба ин хотир, зарур аст, ки ҳар чӣ бештар аҳолӣ нисбати ин сироят маълумот дошта, аз ташхиси фаврӣ гузаранд, сироятёфтагон табобати махсус гиранд ва бояд дар онҳо пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида расад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем пеши роҳи паҳншавии ин бемориро гирем.

Тибқи маълумоти омори расмӣ шумораи сироятёфтагони ВНМО дар ҳамаи давлатҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон шомили он мебошад, рў ба афзоиш аст.

Мутобиқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба пешгирии ВНМО дар дунё айни замон зиёда аз 35 млн. нафар сироятёфтагони ВНМО зиндагӣ менамоянд. Аз оѓози эпидемия то имрўз ин сироят сабаби фавти наздики 40 млн. нафар одамони сайёра гардидааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолият дар самти пешгирии сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ ин дарёфту муайянсозии саривақтии сироятёфтагон ба шумор меравад. Сол аз сол сифати дарёфти сироятёфтагон дар ҷумҳурӣ беҳтар гардида, дар марказҳои ВНМО ва муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастгоҳҳои замонавӣ барои гузаронидани ташхиси ВНМО дастрас карда шудаанд.

Тибқи таҳлилҳои Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО (ЮНЭЙДС) дар ҷаҳон нашъамандони тазриқӣ, занони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, мардони ҳамҷинсгаро ва маҳбусон ҳамчун гурўҳи хатари баланддоштаи аҳолӣ ба шумор рафта, сироятёбӣ низ дар миёни намояндагони ин гурўҳ бештар ба мушоҳида мерасад.

Маълумотномаи оморӣ

Дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ аз рўи маълумоти расмии оморӣ 1207 ҳодисаҳои нави сирояти ВНМО дарёфт гардиданд. Аз январ то 1-уми октябри соли 2018 – 1008 ҳодисаи нави ВНМО муайян карда шуд. Аз ҳар 3 ҳодисаи сироятёбӣ ба ВНМО 2 ҳодисаи сироят бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сурат гирифтааст. То 90 фоизи сироятёфтагон ба ВНМО асосан шахсони дар синни репродуктивӣ (15-49 сола) қарордошта мебошанд. То 1-уми октябри соли 2018 шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар ҷумҳурӣ 8 026 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 5 611 нафарашон табобати зиддиретровирусӣ мегиранд. Чунин табобат солимии беморон ва бардавомии ҳаёти онҳоро дар бисёр солҳо таъмин намуда, барои нигоҳдории қобилияти меҳнатӣ ва пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар ҷомеа заминаи мустаҳкам мегузорад.

Тибқи маълумотҳо эпидемияи сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ дар марҳилаи ҷамъшаванда қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Декларатсияи сиёсии СММ оид ба ВНМО ва БПНМ (солҳои 2001, 2006, 2011, 2016) пайрав буда, Тоҷикистон ба амалисозии Стратегияи Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО ва БПНМ (ЮНЭЙДС) барои солҳои 2016-2021 «Пурзўр намудани чорабиниҳо барои барҳамдиҳии эпидемияи БПНМ» шурўъ кардааст. Ҳадафҳои асосии стратегияии мазкур ин барҳамдиҳии эпидемияи БПНМ дар сатҳи глобалӣ (ҷаҳонӣ) то соли 2030 мебошад.

                                                             Маркази ҷумҳуриявии мубориза

                                                               бар зидди бемории ВНМО

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 716
  • 1,242
  • 949,736