Машварати корӣ дар Вазорат

Машварати корӣ дар Вазорат
Декабр 04
16:33 2018

Имрӯз, 4 декабри соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Шодихон Ҷамшед, муовини тозатаъини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ машварати корӣ доир гардид.
Шодихон Ҷамшед дар баромади худ гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солимии ҷомеаро боигарии давлат дониста, дар ҳамаи баромадҳояшон ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар диққати махсус зоҳир менамоянд. E инчунин таъкид намуд, ки дастгирӣ ва ғамхории табақаҳои эҳтиёҷманд, бахусус маъюбон пайваста таҳти назорати давлату Ҳукумат қарор доранд. Қабули «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» яке аз тадбирҳое мебошад, ки дар ин самт андешида шудааст.
Зимни нишасти корӣ роҳбарони Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, директорони муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба самтҳои асосии фаъолияти худ дар 10 моҳи соли 2018 гузориш пешниҳод намуданд ва барои ҷамъбасти соли 2018 супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамзамон, дар нишасти мазкур гузориши мухтасари сардорони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе шунида шуд.
Дар нишаст қайд гардид, ки сатҳи маъюбият дар байни калонсолон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст, вале аз зиёд шудани шумораи маъюбон дар байни кӯдакон ва маъюб таваллуд шудани кӯдакон изҳори нигаронӣ карда шуд. Аз ҷониби муовини вазир Ш. Ҷамшед ба масъулини соҳа ҷиҳати ба роҳ мондани таҳқиқу омeзиши дуруст ва омилҳои ки ба афзоиш ниҳодани маъюбият ва ҳамчунин сабабҳои коҳиш ёфтани он дар байни калонсолон ва афзудани маъюбият дар байни кудакон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 18
  • 800
  • 1,242
  • 949,820