Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ҳайати намояндагони Бонки умумиҷаҳониро ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбати самимӣ Насим Олимзода бо қаноатмандӣ аз фаъолияти ин Бонки бонуфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи саломатии мардуми кишвар ёдовар шуда, ҳамзамон зикр намуд, ки зимни амалисозии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” аҳолии даҳ ноҳияҳои таҷрибавӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон дастгирии зиёд ёфтанд.
Намояндаи дафтари Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Барбара Вебер зимни вохӯрӣ аз ҷумла қайд намуд, ки фаъолияти пурсамари лоиҳаҳои тандурустӣ аз дастгирии бевоситаи роҳбарияти Вазорат дарак медиҳад. Роҳбари гурӯҳи корӣ Кейт Мандевили (муттахасис оид ба тандурустии ҷамъиятӣ) иброз дошт, ки “Мо ният дорем, фаъолияти худро дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар се самт идома диҳем, ки яке аз онҳо масъалаи инкишофи барвақтии кӯдакон, беҳтар намудани сифати ғизои онҳост. Мо бар онем, ки бо пурзӯр намудани ин самти фаъолият мо метавонем дар инкишофи ақлониву ҷисмонии кӯдакону наврасон, ки ояндасози дилхоҳ ҷомеа мебошанд, саҳм гузорем.
Роҳбари барнома Сюзанна Хайрапетян дар кишвар роҳандозӣ намудани шабакаҳои алоқаи мобилиро барои расонидани иттилоот ба аҳолӣ ва ба ин восита баланд бардоштани маърифати тиббии мардум ва огаҳии онҳо дар самти пешгирии бемориҳо пешниҳод намуд. Бо назардошти бештар будани аҳолӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ин пешниҳоди ӯро вазир Насим Олимзода пазируфта, зикр намуд, ки дар амалӣ намудани ин кор мусоидат хоҳад кард.
Хонум Никол Фразер – Хурт, мушовир оид ба тандурустӣ роҳбарияти Вазоратро бо натиҷаҳои назарпурсии пешакӣ оид ба масоили гирифторӣ ба бемории фишорбаландӣ ва пешгириву табобати он дар сатҳи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, ки чанде қабл дар якчанд ноҳияҳои кишвар гузаронида шуд, шинос намуд. Дар назар аст, ки Бонки умумиҷаҳонӣ фаъолияти минбаъдаи худро дар самти кӯмак ба гирифторони фишорбаландӣ, пешгириву табобати ин беморӣ равона созад.
Тарафҳо зимни сӯҳбат аз фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Намояндагони масъули Бонки умумиҷаҳонӣ дар охири сӯҳбат қайд карданд, ки омодаанд минбаъд низ ҳамкориро бо сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома диҳанд. Дар навбати худ вазир Насим Олимзода иброз дошт, ки барои ҳамкориҳои дуҷониба тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, ҳамеша дар амалишавии лоиҳаҳои тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.