Машварати корӣ оид ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ оид ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Декабр 11
14:36 2018

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тлоҷикистон – “Шифобахш” бо мақсади шарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти кишвар дар Маҷлиси Олӣ, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадиброҳим Осимзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ҷалби роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар, муассисаҳои хусусии тиббӣ, роҳбарон ва кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва дигар муассисаҳои дахлдор машварати корӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳор доштанд, ки тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳо ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли равон дар Рӯзи дониш – 1 сентябр баён доштанд, таҳия гардидааст. Таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар суханронии худ аз сатҳи пасти назорати сифати маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва воридоти дорувории пастсифат изҳори нигаронӣ намуда, ба вазорат супориш дода буданд, ки дар масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои воридоти маводи дорувории пастсифат, қалбакӣ, муҳлати истифодаашон гузашта ва қочоқи доруворӣ чораҷӯӣ карда шавад. Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат аз масъалаи ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани шаҳрвандон дар баъзе аз муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла муассисаҳои хусусии тиббӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо изҳори ташвиш намуда, барои пешгирӣ аз сирояти ин бемориҳо дастур дода буданд, ки масъулияти кормандони тиб, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо баланд бардошта шуда, вобаста ба ин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд.

Дар асоси супоришҳои мазкур, Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаҳои зикргардидаро мавриди омўзиши амиқ қарор дод ва тасмим гирифта шуд, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар ин самт пурзўр карда шавад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти кишвар дар Маҷлиси Олӣ – Маҳмадалӣ Ватанзода низ дар назди ҳозирин баромад намуда, иброз доштанд, ки мақсад аз баргузории ин чорабинӣ шинос намудани сохторҳои дахлдор бо лоиҳаи қонун ва баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва амнияти солимии ҷомеа мебошад. Зикр гардид, ки ин тағйиру иловаҳо на танҳо ба масъалаи маводи доруворӣ, балки ба дигар масъалаҳои ҷиддии ҷомеаи мо, бахусус бемориҳои сироятӣ низ дахл доранд.

Мувофиқи тағйироти ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда андозаи ҷаримаҳо баланд бардошта шуда, барои шахсони воқеӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 40-50 нбҳ), барои шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 50-100 нбҳ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 100-200 нбҳ) пешбинӣ мегардад.

Инчунин, ба ин модда қисми дуюм илова карда шуда, барои такроран, яъне барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ  содир намудани кирдорҳои дар боло зикргардида ҷазои маъмурии нисбатан вазнинтар пешбинӣ гардид.

Ҳамзамон, ба моддаи 2101 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, ҷазоҳои ҷиноятии амалкунанда пурзўр карда шудаанд. Аз ҷумла, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўйнабуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон (қисми якуми моддаи 2101 )  ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз панҷоҳ то сад ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Ҷазои ҷаримаи дар қисми дуюми моддаи номбурда пешбинигардида низ ду баробар зиёд карда шуда, аз ду ҳазор то чор ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (аз сад то дусад ҳазор сомонӣ) ташкил медиҳад. Ҳамзамон, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз ду то панҷ солро ташкил медод, баланд бардошта шуда, акнун аз панҷ то ҳашт солро дар бар мегирад. Муҳлати ҷазои иловагӣ низ баланд бардошта мешавад.

Зикр гардид, ки ҷазои дар дар қисми сеюми моддаи номбурда низ тағйир дода шуда, ба ҷои аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ, акнун аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин, моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда шуда, ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ мушаххас ва пурзўр гардида, ҷазои дар қисми якуми ин модда пешбинишаванда баланд бардошта, ба моддаи қисми дуюм илова карда мешавад. Дар он ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад, пешбинӣ мегардад. Ҷазо дар ин маврид аз панҷ то даҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар анҷоми машварати корӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти кишвар дар Маҷлиси Олӣ ва Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои роҳбарон ва кормандони муассисаҳои хусусии тиббӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 680
  • 1,242
  • 949,700