14 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ аз Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили
фаъолият (хавфи коррупсионӣ) дар муассисаҳои тандурустии кишвар доир гашт.
Дар нишасти мазкур муовини авввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва сардори Раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии
коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора иштирок ва баромад намуданд.
Барои натиҷагирӣ аз Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфи коррупсионӣ) дар сохторҳои тандурустӣ роҳбарони 14 муассисаи тандурустии
кишвар иштирок намуданд.
Мақсади методологияи мазкур бо дарназардошти таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ташкилотҳо раванди ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия
мусоидат мекунанд ё метавонанд ба он замина гузоранд ва ҳамчунин таҳияи тавсияномаҳо оид ба аз байн бурдани натиҷаҳои таъсири онҳо мебошад.