Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ноҳияи Ховалинг пурра таъмир карда шуд

Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ноҳияи Ховалинг пурра таъмир карда шуд
Декабр 24
14:54 2018

Санаи 22 декабри соли равон  бо ибтикори Ташкилоти башардӯстонаи тиббии “Духтурон Бидуни Марз” (ДБМ) дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ноҳияи Ховалинг пас аз таъмиру тармим ба истифода дода шуд.

Дар маросими ба истифода додани Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ноҳияи Ховалинг раиси ноҳияи мазкур, Директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО ва Намояндаи ташкилоти башардӯстонаи тиббии “Духтурон Бидуни Марз” (ДБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ноҳияи Ховалинг дар масофаи 70 км дуртар аз Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и минтақаи Кӯлоб ҷойгир аст. Пештар  сокинони ноҳияи Ховалинг барои дастрасӣ ба табобати бемории ВНМО\БПНМ роҳи дурро тай менамуданд.

Маркази мазкур аз шаш ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои эпидемиологӣ, таҳлилгоҳ ва машваратдиҳӣ иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсӣ ҷиҳозонида шуда, ба 55300 нафар аҳолии ноҳияи Ховалинг хизмат мерасонад. Рӯзи ба истифода қарор додани Маркази мазкур нақлиёти сайёри ташхиси ройгони ВНМО ба сокиноне, ки хоҳиш доштанд, то мақоми худро бидонанд, ба роҳ монда шуд.

Қобили зикр аст, ки Ташкилоти башардӯстонаи тиббии “Духтурон Бидуни Марз” (ДБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани “Барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) барои солҳои 2017-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳмгузор мебошад.

“Духтурон Бидуни Марз” (ДБМ) тавассути ҳамкории шарикӣ бо намояндагиҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб дар пешгирӣ ва коҳиш додани бемории ВНМО дар Тоҷикистон, бахусус дар байни кӯдакон ва аъзоёни оилаи онҳо фаъолона иштирок менамояд.

Бояд гуфт, ки “Барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) барои солҳои 2017-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфт кардани ҳолат, нигоҳубини ҳамаҷониба ва пешбурди ташхис ва табобати сироятҳои ҳамрадиф (оппортунистӣ), дастгирии равониву иҷтимоӣ, пешгирии интиқоли сироят аз модар ба кӯдак (ПИСМК) ва коҳиши хатари интиқоли сирояти дохили беморхонагӣ нигаронида шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 16
  • 807
  • 1,242
  • 949,827