Аз фаъолияти Раёсат натиҷагирӣ карда шуд

Январ 09
08:44 2019

Рӯзи 7 январи соли ҷорӣ дар Беморхонаи  клиникии  вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов доир ба ҷамъбасти фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар соли 2018 ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода М., муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода М.У., роҳбарони  хадамоти тандурустӣ, сартабибон, роҳбарони муассисаҳои вилоятӣ ва менҷерони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, муовинони сардухтурон оид ба қисми табобатӣ, директорони Марказҳои солимии репродуктивӣ ва Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шоназарова М. Ш., баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии шаҳрвандон дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” бо ҷалби  мутахассисони  варзидаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилояти Хатлон “Корвони саломатӣ” таъсис ва ба ҳама  шаҳру  ноҳияҳои вилояти Хатлон  сафарбар гардида,  68 ҳазору 760  нафарро ба муоина ва табобати ройгон  фаро  гирифта, инчунин 1003 нафар кӯдак аз хатна гузаронида шуданд.

Зикр гардид, ки дар соли 2018 дар қаламрави вилояти Хатлон 32 бунгоҳи саломатӣ ба истифода дода шуд, ки айни замон сохмони 4 адади он идома дорад. Инчунин дар ин давра дар вилояти мазкур 17 маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуд, ки сохтмони 4 адади он дар арафаи анҷомёбист.

Дар давоми соли 2018 баҳри таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ, бахусус марказҳои саломатии деҳот бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ба шароити корӣ мутобиқ намудани муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла сохтмон, таъмир ва марҳила ба марҳила баровардани муассисаҳои тиббӣ аз биноҳои ғайритиббӣ (вагон, хона, мактаб ва ғайра) ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла дар ин муддат аз мактаб  4 адад, аз вагонҷойҳо 2 адад ва аз хона 2 адад бунгоҳи тиббӣ бароварда шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи тандурустӣ дар соли 2018 ба Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шўъбаи Донишкадаи  таҳсилоти баъдидипломӣ дар шаҳри Бохтар ва дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии ДДТТ ба номи Абўалӣ  ибни Сино 1132 нафар  шунаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  барои таҳсил равона гардиданд, ки аз онҳо 380 нафар табибон ва 752 нафар кормандони миёнаи тиб мебошанд. Аз ҷониби Маркази кори ҳамширагии вилоят бошад,  821 нафар кормандони миёнаи тиб аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятию  ғайрисироятӣ, тарғибу  ташвиқоти тарзи ҳаёти солим дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Дўстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Хуросон, Ёвон  ва шаҳрҳои Леваканд ва Норак  бо аҳолӣ ва намояндагони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш ва дин суҳбату вохуриҳо доир карда шуд, ки дар ин чорабиниҳо  зиёда  аз 7 ҳазору 750 нафар иштирок намуданд.

Инчунин дар чорабинии мазкур озмуни вилоятии “Табиби беҳтарин”, “Ҳамшираи  беҳтарин” ва “Муассисаи беҳтарин” дар соли 2018 натиҷагирӣ гардид, ки ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тибқи натиҷаи озмун Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон-“Муассисаи беҳтарин”, Қурбон Убайдулло Абдулло-“Табиби беҳтарин” ва “Ҳамшираи беҳтарин” насиби Сафарова С., сарпарастори Беморхонаи клиникии ба номи Б. Воҳидов гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 967
  • 1,242
  • 949,987