Шурӯи бунёди бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент

Шурӯи бунёди бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент
Январ 11
10:32 2019

Санаи 9 январи соли 2019 бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент ба бунёди бинои нави Беморхонаи марказии шаҳр оғоз бахшида шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот бо кормандони соҳаи тибби шаҳри Панҷакент оғози сохтмони бинои нави Беморхонаи марказиро туҳфаи арзанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, зикр намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят сол ба сол беҳтар гардида истодааст.

Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дошта, маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ҳамасола афзоиш меёбад. Маҳз натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлатӣ буд, ки давоми соли 2018 дар шаҳру деҳоти Панҷакент шаш хонаи саломатӣ бунёд ва мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт.

Тавре таъкид карда шуд, бинои кунунии Беморхонаи марказии шаҳр соли 1965 сохта шуда, бо мурури замон ва афзоиши аҳолӣ зарурати сохтмони бинои нав пеш омада буд. Маҳз бо назардошти ҳамин омил бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нав бунёд мегардад.

Бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он шаш шуъба ҷойгир карда хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино иловатан боз 60 ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,140
  • 1,242
  • 950,160