Мубориза бо коррупсия пурзӯр мегардад

Мубориза бо коррупсия пурзӯр мегардад
Январ 23
09:15 2019

22 январи соли ҷорӣ дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки  Умарзода Саида Ғайрат, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрии намояндагони Агентии  назорати давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони вазорат доир гашт.

Дар вохӯрии мазкур Файзуллозода Маҳмадсаид Убайдулло, полковники адлия-сардори Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуаллимзода  Насуриддин Абдулло, полковники адлия-муовини сардори Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентии мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар нишаст  қайд гардид, ки  коррупсия имрӯз яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, он дар пешрафти тамоми соҳаҳо нақши манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ, барои  пешгирӣ аз чунин амали номатлуб бояд кулли шаҳрвандон дастҷамъона муборизаи беамон бубаранд. Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.

Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ -Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ-Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд (соли 2003) узви он мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 645
  • 1,242
  • 949,665