Тоҷикистон ва Афғонистон: Ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбанд

Тоҷикистон ва Афғонистон: Ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбанд
Январ 31
14:01 2019

 

30 январи соли 2019 вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа бо сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмаъсум Бадахш баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Олимзода Н.Х. иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон забону фарҳанги муштарак ва муносибатҳои деринаи таърихӣ бо ҳам мепайвандад.

Дар навбати худ  сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмаъсум Бадахш изҳори қаноатмандии худро вобаста ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Инчунин Саидмаъсум Бадахш иброз дошт, ки соли ҷорӣ бо дарназардошти боришоти зиёд ва номусоидии обу ҳаво дар минтақаи Бадахшони Афғонистон зарурати интиқоли беморон ба Бадахшони Тоҷикистон ба миён омадааст. Вобаста ба масъалаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Н.Х. қайд намуд, ки дар муассисаҳои тандурустии наздисарҳадии ВМКБ-и Тоҷикистон ҳамасола то 30 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Барномаи муштараки байни ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки аз тарафи Хазинаи Оғо Хон дастгирӣ меёбад, мутахассисони соҳаи тиб дар деҳоти наздисарҳадӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мунтазам хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.

Дар мулоқоти мазкур ҳамзамон доир ба истифодабарии гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Саидмаъсум Бадахш таъкид намуд, ки соли сипаригашта дар ноҳияи Оби-Гарми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нишасти масъулини як қатор вазорату идораҳои дахлдор бо иштироки намояндагиҳои дипломатӣ баргузор гардида, ҷонибҳо ҳавасмандии худро оид ба ҳамкорӣ дар  соҳаи истифодабарии гиёҳҳои шифобахш иброз намуданд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2019 ба 28 нафар шаҳрванди давлати Исроил ҷарроҳии пайвандсозии гурда анҷом дода шудааст.

Ҳамзамон  таъкид гардид, ки нархномаи ҷарроҳии пайвандсозии гурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ арзон мебошад ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳолати зарурӣ метавонанд барои гузаронидани ин амалиёт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ дар асоси «Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сиҳатии оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон», ки соли 2005 ба имзо расидааст, амалӣ шуда истодаанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба вазири сиҳатии оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои омодагӣ ва дастгирии иштироки мутахассисони варзида дар Конгресси кардиологҳо ва терапевтони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои иштирокчиёни ИДМ, ки 25-26 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, изҳор намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 960
  • 1,242
  • 949,980