Ҷаласаи сайёри вазорат дар вилояти Хатлон

Ҷаласаи сайёри вазорат дар вилояти Хатлон
Феврал 15
13:09 2019

14 феврали соли 2019 дар шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед ҷаласаи сайёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирова, сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршоев, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон Сайдулло Маллазода, аъзоёни гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовинони раисони ноҳияҳои вилояти Хатлон, сардорони КАТС-ҳои вилоят, мудирони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияҳо ва дигар масъулони соҳаи тандурустии вилоят иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки ин ҷаласа дар ҳошияи иҷроиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, маҳз баъди эродҳои Пешвои миллат оид ба муайян намудани дараҷаҳои маъюбият Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гурӯҳи махсуси кориро барои санҷиши вазъ ба ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар намуд. Аз натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ Ғ.Сӯфишоев, ба ҳозирин гузориш дода, аз ҷумла оид ба ошкор шудани камбудиҳои зиёд дар ин самт мисолҳо овард.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ оид ба камбудиҳои ошкоршуда ва роҳҳои бартараф намудани онҳо муфассал суханронӣ намуда, аз он ҷумла иброз дошт, ки  дар тартиб додани ҳуҷҷатгузориҳои маъюбон норасоиҳои зиёд дида мешавад, ҳарчанд ки воқеан онҳо маъюбанд. Дар бархе ҳолатҳо бошад, дафтарчаи бемории маъюбон ё дар дасти худашон ё дар утоқи кории табибон аст, ки ин бархилофи тарзи нигоҳдории ҳуҷҷатҳо мебошад. Ҳамин тавр, ӯ дар бораи камбудиҳои ошкорнамудаи гурӯҳи корӣ сухан ронда, пешниҳодҳоро оид ба роҳҳои ҳалли масъалаҳо баён намуд.

Оид ба фаъолияти шӯъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии дар вилояти Хатлон, минтақаи Бохтар сардори хадамоти номбурда Амиршоев Ш.баромад намуд, аз ҷумла гуфт, ки бояд норасоиҳо дар мӯҳлати камтарин ба ислоҳ дароварда шаванд. Дар охири ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон М. Хидирова аз камбудиҳои ба миён омада изҳори нигаронӣ намуда, масъулонро вазифадор намуд, ки ҳарчӣ зудтар аз пайи камбудиҳои ҷойдошта  шаванд.

Бояд гуфт, ки тибқи иттилои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ айни замон дар ҷумҳурӣ наздики 149 ҳазор маъюбон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 26 985 нафарашонро кӯдакон ташкил меиҳанд.

Дар ҷаласа оид ба додани варақаҳои корношоямӣ низ сухан рафта, бори дигар таъкид карда шуд, ки дар ин масъала низ табибон ба саҳлангориҳо роҳ надиҳанд.

Дар охир муовини вазир Шодихон Ҷамшед роҳбарон ва масъулони соҳаи ҳифзи иҷтимоии вилоятро ба масъулиятшиносӣ даъват намуда, таъкид намуд, ки иҷроиши паёми сардори давлат аз ҳар нафари мо вобаста аст. Аз ин рӯ, дар кори хеш бодиққату мулоҳизакор бошем ва ба камбудиҳо роҳ надиҳем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 642
  • 1,242
  • 949,662