Ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони варзидаи тибби дигар кишварҳо рӯз то рӯз густариш меёбанд. Дар ҳошияи ин гуна ҳамкориҳо аз 18 то 21 феврали соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон аз Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон ташриф меоранд. Мақсад аз ин сафар ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва табодули таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаи тандурустӣ буда, ба ин ҳайат ҷарроҳони дил ва асаби кӯдакон, офталмологҳо ва урологҳо шомиланд.
Дар назар аст, ки мутахассисони Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон ба ғайр аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд низ сафар намоянд ва дар доираи сафари худ бо ҳамкасбони хеш дар соҳаҳои асосии тибби кӯдакон мулоқоту вохӯриҳо анҷом диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ аз чандин давлатҳо табибони номӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, ба тариқи ройгон хизматрасонӣ ва амалиётҳои тиббиро барои шаҳрвандони мо анҷом дода буданд.
Аз ҷумла аз 22 октябр то 1 ноябри соли 2018 бо мақсади паст намудани сатҳи бемориҳои роҳҳои пешоброн дар байни кӯдакон дар шуъбаҳои навзодон ва урологияи кӯдаконаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” бо иштироки гурӯҳи мутахассисони тибби Швейтсария (табибон ва ҳамшираҳои тиб) ба 20 нафар кӯдакони гирифтори бемориҳои роҳҳои пешобгузар, аз ҷумла нуқсонҳои модарзодӣ ба таври ройгон ва усули технологияи муосир амалиётҳои ҷарроҳии уретерокутанеостомия, нефростомаи пунксионӣ, уретропластика бо усулҳои Брокк, Снодгросс, геминефруретерэктомич гузаронида буданд.
Ташрифи мутахассисони тибби Тотористон ба Тоҷикистон
Феврал 16
01:40
2019