АҲОЛӢ; НАҚШИ ЛОИҲАИ “БЕҲТАР НАМУДАНИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ” ДАР РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ НАЗАРРАС АСТ

Декабр 20
11:59 2022

Тариқи азнавсозии марказҳои саломатӣ, аз таъмири капиталӣ баровардани муассисаҳои тиббии ноҳияи таљрибавӣ, бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани онҳо  ва мавриди омӯзиш қарор додани табибон ба курсҳои амӯзшии тиббӣ оилавӣ, инчунин ҳавасманд намудани табибони оилавӣ бо кӯмакпулиҳо, таъмини марказҳои саломатӣ бо нақлиёти ёрии тиббӣ аз ҳадафҳои аслии Лоҳиаи “Беҳтар намудани хизматраоснии тиббӣ”- дар назди Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  таҳти маблағгузории Бонки Умумиљаҳонӣ амалї гардидааст, маҳсуб меёбад. Вале дарёфти камбудиҳои ҷойдошта дар низоми хизматрасонии тиббии марказҳои саломатӣ  ва ё зимни татбиқи шохаҳои алоҳидаи Лоиҳа ба инобат гирифтани дархосту пешниҳодоми аҳолии маҳал, дар гузаронидани механизми кортҳои шаҳрвандї заминаи дасторвадҳои ҳосилшуда дар низоми амалишавии Лоиҳа маҳсуб меёбад.

Амалисозии механизми Кортҳои шаҳрвандї дар баробари ба инобат гирифтани дархосту пешниҳодҳои аҳолї,   инчунин  аз ҳолатии болоравии вазъи хизматрасонии тиббӣ дар солҳои амалишавии Лоиҳа натиљаи дилхоҳ ба даст овардааст.  Хамин аст, ки гузаронидани вохуриҳо бо аҳолӣ бобати дарёфти камбудиву пешниҳодоти аҳолӣ дар беҳбудии низоми хизматрасонии тиббӣ ва ё худ роҳандозии механизми Кортҳои шаҳрвандӣ аз ҳадафи дигари Лоиҳа дониста мешавад.

Таҷридаи ҳосилшуда собит сохтааст, ки яке аз роҳҳои умдаи дарёфти мушкилот дар низоми хизматрасонии тиббӣ  ва воқиф гардидан аз дастовардҳои ҳосилшуда дар тули фаъолият бевосита дар вохурӣ бо аҳолӣ метавон дарёфт намуд. Ҳамин аст, ки соле ду маротиба гузаронидани механизми Кортҳои шаҳрвандӣ услуби махсуси дастёб шудан ба натиҷаи ҳосилшуда муҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи аслии роҳандозии механизми Кортҳои шаҳрвандӣ, фароҳам овардани имконияти бештар ба аҳолӣ, хонаводаҳо ва табақаҳои гуногуни ҷомеа барои ҳифзи вазъи саломатии худ тариқи амалҳои самаранок, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии саривақтии бемориҳо,ба даст овардани фикру андеша ва пешниҳоди аҳолӣ, вохуриҳо бо истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ дар маҳалҳо ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ, ки бо механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) фаро гирифта шудаанд,  маънидод мегардад.

Гузаронидани механизми Кортҳои шаҳрвандӣ услуби хосс дошта,  фаселитатор ва ё бо истилоҳи дигар “таҳқиқгар” бо аҳолӣ дар алоҳидагӣ бидуни иштироки кормандони маркази саломатӣ суҳбат гузаронида фикру андешаи сокинони маҳал, дархосту пешниҳодоти онҳо бобати боз ҳам боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ шунида мешавад.  Дар навбати дигар бо кормандони муассисаи тиббӣ аз натиљаҳои ҳоисшуда дар солҳои татбиқи Лоиҳа вохўр сурат мегирад.

Дар рафти вохурӣ, сокинон оид ба шароити корӣ, тозагӣ, риоя гаштани қоиҳои санитарию эпидемиологӣ, одоби муошират, сари вақт бақайдгирии ҳомиладорон ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитариро баҳогузорӣ намуда, ҳамзамон барои беҳбудии кори минбаъдаи табибон, таклифҳо пешниҳод менамоянд.

Ташкилу гузаронидани чорабиниҳои худбаҳодиҳӣ аз як тараф барои ошкори камбудиву норасоиҳои ҷойдошта мусоидат намояд, аз ҷониби дигар мардум аз ҳуқуқу уҳдадориҳои хеш воқиф гардида, бо ин васила метавонанд аз табибони маҳаллї хизматрасонии босифату саривақтиро талаб намоянд. Ба гуфтаи духтури тибби оилавии маркази саломатии деҳоти “Метк” воқеъ дар ноҳияи Деваштич Хушбахтбой Толибов,  роҳандозии  чунин маъракаҳо аз манфиат холӣ набуда, ба нафъи ҳар ду ҷониб равона гардидааст.

Зулоламоҳ Азизова яке аз фаъоллони ҷамоати “Даҳкат”-и ноҳияи Деваштич мегуяд; “воқеан ҳам татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар рушди хизматрасонии тиббии марказҳои саломатӣ ва хоссатан Маркази саломатии деҳоти “Даҳкат” нақши кадилӣ бозид.

Бобоев Зоҳир, сокини деҳоти “Хишекат”-и ноҳияи мазкур мегуяд, воқеан ҳам то татбқ гардидани Лоиҳаи болозикр вазъи хизматрасонии тиббӣ дар маркази саломатӣ ҷавобгӯй ба талаботи замон намуд. Маркази саломатӣ дар бинои куҳнаву фарсуда ҷойгир буд. Вале аз ҷониби Лоиҳа дар ҳамкории мутақобин судманд бо Вазоати тандуруст ва ҳифзи иљтимоии аҳолї, маркази саломатии замонавӣ бунёд гардида, мавриди истифодаи аҳолӣ қарор дода шуд. Имӯз дар марказ тамоми шароит мавҷуд буда, озмоишгоҳи он низ хуб фаъолият мегарад.

Қобили зикр аст, ки тибби оилавӣ ва рушди низоми хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалия тиббӣ, ки заминаи пешгирии хуруҷи бемориҳо ва таъмини сиҳатии сокинон дониста мешавад ҳанўз аз рӯзҳои аввали Соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷӯҳи роҳбарити олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.  Татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, дар рушди низоми хизматрасонии тиббии муассисаҳи кӯмаки аввалияи тиббии як қатор ноҳияҳои кишвар аз ҷумла ноҳияи Деваштич назаррас арзёбӣ мегардад.

Агар танҳо ба дасторвадҳои ҳосилшуда зимни татбиқи Лоиҳаи мазкур  дар самти хостмону азнавсозӣ назар афканем, дида мешавад, ки дар солҳои охир таҳти сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд хоссатан дар ҳамкории мутақобила бо  Бонки Умумиҷаҳонӣ  дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ»   4 адад Маркази саломатии   сохта ба истифода дода шуда ,  ҳамагӣ бо таҷҳизотҳои замонавй  таъмин карда шудааст.

Дар ноҳияи мазкур  2 маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 адад марказҳои саломатии деҳот ва 20 бунггоҳҳои саломатӣ фаъолият мебаранд. Қобили зикр аст, ки аз замони татбиқи Лоиҳа дар ноҳия 18 марказҳои саломатӣ таҳти сарпарастӣ қарор дода шуда 4 марказ пурра азнавсозӣ гардид, боқимонда таъмир ва бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин шуданд.

Дар навбати худ кормандони муассисаи кӯмаки аввалияи тибби санитарии дар умум ноҳияҳои таҷрибавӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, изҳори сипос менамоянд ва гуфта мешавад, ки татбиқи Лоиҳаи мазкур ба рушди низоми хизматрасонии тиббї кӯмаки зиёде намуд.

Бояд зикр намуд, ки то ба соли 2020  татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд;  Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози  соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи   нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд. Ҳамин тавр, татбиқи механизми Лоиҳа дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири нимсолаи якуми соли 2023 идома пайдо хоҳад кард.

Агарчӣ дар тули татбиқи Лоиҳаи мазкур бо азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ корҳои назарраси зиёде пиёда гардиданд. Дар солҳои охири фаъолияти Лоиҳа таъмири копиталии як қатор муассисаҳои тиббии  зери сарпарастии он қарордошта ва бо таҷҳизоти муоссири тиббӣ таъмин намудани онҳо аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” арёбӣ мегардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760