А.Ҷомӣ: Ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 баргузор гардид

А.Ҷомӣ: Ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 баргузор гардид
Август 15
15:42 2020

Дирӯз, 14 августи соли равон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 доир гардид, ки дар он сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М, намояндагони як қатор сохторҳои марбута ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии ноҳия  иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои таъмини муассисаҳои тиббии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо маводҳои доруворӣ ва либосҳои муҳофиҳатӣ, назорати рафти табобати беморон, пурзур намудани гаштҳои хонагӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанди бемории мазкур, аз ҷумла пурзӯр намудани корҳои оммафаҳмонӣ дар байни аҳолӣ оид ба пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ  ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 343
  • 1,242
  • 949,363