Қаҳрамонони мо: нест бод сил! (АКС)

Қаҳрамонони мо: нест бод сил! (АКС)
Август 02
07:20 2019

Таҳти ҳамин унвон рӯзи 31-уми июли соли равон Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар мавзеи “Диёр”-и дараи Варзоб чорабинии иттилоотиву адвокатсионӣ баргузор намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Парлумон, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои марбутаи он, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамкории боздошти сил дар Женева, Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, шахсони аз сил шифоёфта, шахсони маъруфи соҳаи тиб, санъат, синамо, варзиш, илму адаб, намояндагони ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз”, ташкилотҳои ҷамъиятии “Насли ҷавони Тоҷикистон”, “Замон ва ҷомеа”, “Чашмаи ҳаёт”, “Гендер ва тараққиёт”, KNCV, ҶДММ “Муҳаммад-А”, хадамоти нигаҳбонии “Red Line Security” ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Чорабиниро Ҷамшед Муртазоқулов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Гурӯҳи парлумонии марбути масоили сил ҳусни оғоз бахшида, таъсиси дастаи “Қаҳрамонони мо: Нест бод сил”-ро дар ҳайати Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил” ва иқдоми шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногуни ҷомеаро барои иштироку саҳмгузорӣ дар хотима додани бемории сил истиқбол намуда, хеле заруриву саривақтӣ арзёбӣ кард. Вакили Парлумон изҳор дошт, ки аъзои Гурӯҳи парлумонии марбути масоили сил бо дарки муҳиммияти мавзӯи сил ҷаҳду талош намуда, барои қабули қарорҳои дахлдор ва кумаку дастгирии ҳама гуна чорабиниву иқдомҳои зиддисилӣ омода ҳастанд.

Баъдан, Виорел Солтан, роҳбари гурӯҳ аз Ҳамкории боздошти сил дар Женева суханронӣ намуда, талошҳои Тоҷикистонро дар хотимаи сил сутуда, иброз дошт, ки бемории сил муборизаи дастҷамъонаи тамоми қишрҳои ҷомеаро тақозо менамояд.

Зимни суханронии худ Зиёвуддин Авғонов, котиби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ изҳор дошт, ки мавзӯи бемории сил дар баробари масоили вирусии норасоии масунияти одам (ВНМО) ва вараҷа яке аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонист ва ҳалли саривақтии он вазифаи ҳар як сокини сайёра мебошад.

“Агар мо вақткушӣ кунем, вақт моро хоҳад кушт” – иброз дошт дар ҷараёни чорабинӣ Аслидин Раҷабзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафи милливу ҷаҳонии хотимаи сил то соли 2030 суръату ҷуръати бештар ва иттиҳоду масъулиятшиносӣ беш аз пеш муҳимму зарурист.

Қиссаи аз бемории сил шифо ёфтани ҳунарпешаи театру синамо Далер Мирхонов хеле шуниданиву ибратбахш буд. Номбурда аз ҳозирин даъват намуд, то ҳарчӣ метавонанд шахсони гирифтори силро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд.

Ҳунарнамоии Ҷамшед Ҳалимов, ҳаҷвнигори маҳбуб аз гурӯҳи “Лаҳзаҳои гуворо” ва Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори шинохта, роҳбари гурӯҳи “Ғарибшо компания” таҳти шиори “Ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад” хеле ҷолибу хотирмон буд.

Дастаи таблнавозони Маркази фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе бо ҳунари волои худ ва оҳанги табли ҳиндӣ ба чорабинӣ рангу фазои рӯҳафзо бахшиданд.

Ҳамзамон, Нурулло Абдулло, қаҳрамони зиддисилӣ, ҳунарпешаи театру синамо ва ровии барномаи “Ҳикмати шифо” аз таҷрибаи фаъолиятҳои зиддисилияш сухан ронда, изҳори умед намуд, ки бемории сил ҳарчӣ зудтар дар Тоҷикистон хотима ёбад.

Пасон, Гулистон Каримова, фаъоли зиддисилӣ ва ровии радиои “Фарҳанг” дар саҳна бадоҳатан барномаи мустақими радиоии “Садои андеша”-ро баргузор карда, бо мутахассиси варзидаи соҳаи силшиносӣ Фирӯза Саидова ва иштирокчиён перомуни мавзӯи сил суҳбат намуд.

Шабнами Сурайё, овозхони маҳбуб ва Сафири боздошти сил зимни суханронии худ бори дигар омодагии худро ҷиҳати дастгирии равониву иҷтимоии шахсони бемори сил иброз дошта, ҳозиринро ба шоу-консерти хайриявияш, ки бо ташаббуси Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон таҳти унвони “Нест бод сил” рӯзҳои 24-25-уми августи соли равон дар амфитеатри Аҳорун баргузор мегардад, самиман даъват намуд. Ҳамчунин, баҳри болидарӯҳии иштирокчиён чанд тарона замзама кард ва ҳозирин дар ҳавои он таронаҳо рақсу шодмонӣ намуданд.

Дар рафти суханронии худ Мавзуна Чориева, сардори шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпӣ, ҷоизадори бозиҳои олимпӣ аз баргузории чорабинӣ истиқболи гарм намуда, омодагии ҳамаҷонибаи худро ҷиҳати дастгирии равониву иҷтимоии шахсони бемори сил тавассути роҳандозии чорабиниҳои варзишӣ эълом дошт. Мавзуна Чориева, ҳамзамон, паём ва омодагии қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаровро, ки ба сабаби сафари хидматӣ натавонист дар чорабинӣ ҳузур дошта бошад, ба ҳозирин расонид.

Ҳунарпешаи синамо, овозхони ҷавон Музаффар Шодиев низ ҳамчун як фаъоли зиддисилӣ ба саҳнаи сухану ҳунар баромада, барои тамоми шахсони мубталои сил шифои комил хост ва бо таронаҳои рангини худ чорабиниро ҳусни тозае зам намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ байни иштирокчиён пурсишу посух ва табодули андеша низ сурат гирифт. Дар анҷом иштирокчиён бо гузоштани имзои худ дар лавҳаи рамзии “Қаҳрамонони мо: нест бод сил!” барои саҳмгузориву иштироки бевосита дар муборизаи зиддисилӣ изҳори омодагӣ намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 738
  • 1,242
  • 949,758