ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. 16 нуқтаи хатна, 6 ҳуҷраи таваллуд, 8 толори кошонаи ҳусн ва 14 сартарошхона — пешниҳоди аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. 16 нуқтаи хатна, 6 ҳуҷраи таваллуд, 8 толори кошонаи ҳусн ва 14 сартарошхона — пешниҳоди аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид
Март 24
07:37 2020

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаҳои ҷамоатҳои дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, чун Чашмасор, Дадобой Холматов ва Исмоил  аз рӯи дархост ва эҳтиёҷот 16 адад нуқтаҳои хатна, 6 адад ҳуҷраи  таваллуд, 8 адад толори кошонаи ҳусн ва 14 сартарошхона мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ҳадаф аз бунёди ин муасисаҳои тандурустиву хизматрасонӣ — боз ҳам  обод кардани  деҳаву  маҳали  аҳолинишини шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи тандурустӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва оҷилан расонидании ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин дастрасии саривақтӣ ба хизматрасонии иншооти иҷтимоӣ мебошад.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода бо истинод ба маълумоти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, то соли 2021 бунёду навсозии беш аз 1300 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ дар назар буда, то имрӯз иншооти зиёд сохта шудаанд.

Масъулини ноҳия азм доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  бо дарназардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ дар ҳар як ҷамоату маҳалли аҳолинишин ва деҳаҳо бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, китобхона, бунгоҳҳои тиббӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти муҳими аввалиндараҷаи  иҷтимоиро роҳандозӣ намоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 683
  • 1,242
  • 949,703