Ноябр 07
11:22
2020
Имрӯз, 7 ноябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат ташриф оварданд, қабул намуд.
Пас аз шунидани арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои эшон аз ҷониби вазир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бояд гуфт, ки ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон баргузор мешавад.