Ҳадафи иддаоҳои хоинони миллати тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳадафи иддаоҳои хоинони миллати тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Апрел 15
13:50 2021

Таърих гувоҳ аст, ки дар замонҳои гуногун бо иллати хоиниву зархаридӣ ва аз паи манфиати шахсиву бо парвариш додани ормонҳои ҳавоӣ аз ҷониби баъзе нафарон давлатҳои хурду бузурге аз байн рафтаву халқияту миллатҳои гуногун парешону сарнагун шудаанд. Агарчӣ миллати тоҷик дар масири таърих бузургтарин давлатҳову минтақаҳоро дар иҳотаи худ қарор дошт, вале мутаассифона аз дасти аҷнабиён ва заминагузории нобудии давлат аз ҷониби баъзе сокинони хоину  зархарид ва аз паи манфиати шахсӣ уфтода, дар масири таърих ба шикасту рехтҳои бузурге рӯ ба рӯ шудааст.

Ҳамин аст, ки истифодаи нафарони гумроҳ ба манфиати давлативу миллӣ аз ҷониби дигар кишварҳо ва дар замина тира сохтани фазои сиёсии кишвари дигар ба ҳукми анъана даромадааст.

Имрӯз низ ҷомеа ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки дар доираи барномаҳои манфиатҷуёнаи кишварҳои бузург бо суистифода аз хоинони ин ё он ҷомеа як қатор давлатҳо барои садсолаҳо аз рӯшд бозмонданд ва дар заминаи набарду хунрезиҳои гушношунид нафарони зиёде қурбонии роҳи ноадолатӣ гаштанд.

Дар доираи ин гуфтаҳо бояд таъкид сохт, ки вазъи феълии ҷаҳон ва барномаҳои сиёсии кории қудратмандон аз давраҳои қадим ҳатто то ба қарнҳои гузашта куллан фарқ доранд ва ҳатто серхатару сернайранг гаштаанд. Маҳз офаринишҳо ва ё бузургтарин дастовардҳои инсонӣ, ки  дар   қарнҳои 20 ва 21 рӯи кор омадаанд, заминаи пиёда намудани барномаҳои сиёсии гурӯҳҳо ва ё ба миён овардани майдони бозиҳои сиёсӣ заминагузор шудаанд,  ки шабакаи ҷаҳонии интернет дар зинаи авал қарор гирифтааст.

Интернет дар баробари он ҳама хислатҳои мусбӣ ва чандин маротиб содда намудани мушкили ҷомеа башарӣ, ҳамзамон ба унсури таблиғи назарот ва ақоиди вабои замон терроризму экстремизми динӣ ва дигар проблемаҳои инсонӣ гаштааст.

Ёдоварӣ намудан аз найрангҳои замона ва хиёнату аз паси манфиати шахсӣ афтодани баъзе аз нафарон бар он маъност, ки мутаассифона маҳз чунин хиёнатпешагӣ боис гаштааст, ки миллати тоҷик дар масири таърих ба шикастҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардад ва ҳатто баъд аз наздики ҳазор соли бедавлатӣ дар бомдоди Истиқлолияти комили миллӣ боз ҳам хиёнату зархаридии як гурӯҳ нафарони зиёдеро дар ҷомеа ба гумроҳӣ бурд. Аммо,  таассуфовар он аст, ки то ба ҳол чунин хиёнатпешагӣ маҳз аз ҷониби гурӯҳе, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон замина гушт, идома дорад ва он ҳам аз беруни кишвар.

Имрӯз хурду бузурги ҷомеаи тоҷик хиёнати чунин афродро набахшидаву таъкид медоранд, ки боз ҳам кушиши тира сохтани фазои сиёсии Тоҷикистони барои ҳар як фарди ин кишвар азизу муқаддас бо дасти зархаридон амалӣ нахоҳад шуд, вале барои бисёриҳо суоле норавшан аст, ки оё ин гуна гумроҳон ва ё аз паи манфиати шахсӣ афтодагон чӣ умеде барои дастгирӣ ёфтан мекарда бошанд? Ин суол барои ҳар яки мо низ норавшан боқӣ мемонад.

Хиёнат ва ё гумроҳиву зархаридӣ

Ҳадафи аз кӯчактарин мушкили ҷамъиятӣ праблемаи ҷиддии сиёсӣ вонамуд сохтан аз ҷониби хоинони давлату миллат дар шабаҳои иҷтимоӣ чист?

Он гумроҳоне, ки зимни баромадҳо дар сомонаҳои иҷтимоиву ба гуфтаи худашон хабарӣ, вале дар асл таблиғгари ноамниву носуботӣ, ки худро қудрат меҳисобанду вале дар асл як сафи кучаке ҳастанду дар интизори маблағи ночиз аз ҷониби хоҷагонашон, аз ҷомеаи тоҷик чӣ мехоҳанд?

Ва ё ин ҳама хиёнатҳо то ба кай идома хоҳад ёфт?

Дому найрангҳои замона ва таҳдиду хатари дигаргунсозии зеҳният дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва ғ аз мавзӯоте буданд,  ки пайгираш шудем ва кушиш намудем дар маводи мазкур баррасӣ намоем.

Воқеан, вазъи феълии ҳаёти рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро бидуни   шабакаи ҷаҳонии интернет ва истифода накардани  он тасаввур намудан ғайри имкон аст. Аслан интернет барои ҳаллу фасли мушкилоти зиёди одамон нақши бориз дорад, вале  инсони бидуни огоҳӣ ва бехабар аз вазъи феълии барномаҳои тағирдиҳандаи назар ва тафаккур наметавонад аз дому хатарҳое, ки дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҳастанд, дар амон бошад.

Дар ин росто, мо ҳамагӣ медонем, ки имрӯз бархурдҳо миёни қувваҳои бузург куллан тағир ёфтааст. Дигар ҷангҳои рӯйрост ва ё лашкаркашиҳо аз минтақае ба минтақаи дигар вуҷуд надорад, балки иттилоот василаи аслии набарди қувваҳо маҳсуб меёбад, ки аз он “ҷанги иттилоотӣ” ном мебаранд. Ҳамин аст, ки шабакаи ҷаҳонии интернет имрӯзҳо ба майдони набарди иттилоотии ва ё василаи баровардасозии манофеъи қувваҳои хурду бузург мубаддал гаштааст. Коршинсон бар он бовар ҳастанд, ки имрӯз кишваре ва ё ҷомеае зери таҳдиди бозиҳои сиёсӣ қарор дорад, ки сатҳи тафаккур, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳисси ватандустиву меҳанпарастӣ дар онҳо хеле ва хеле  паст аст.

Маҳз надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ва набудани ҷаҳонбинии сиёсӣ дар зеҳнияти баъзе аз нафарон  боис гаштааст, ки ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии зиёде ба вуҷуд оянд  ва ба тира гардидани фазои сиёсии аксар кишварҳои сайёра замина гузоранд.  Мисоли равшани онро мо ҳамагӣ дар созмон ёфтани гурӯҳи террористиву экстремистии “Давлати Исломӣ” дар сарзамини Ироқу Сурия мушоҳида намудем.

Имрӯзҳо дар шабкаҳои иҷтимоии интернетӣ баъзан баромадҳои бемантиқ ва бидуни воқеияти баъзе аз гумроҳонро, ки замоне бо иллати хоинӣ ба миллату давлат аз ҷониби ҷомеаи тоҷик  мавриди интиқод қарор гирифта, имрӯз дар хориҷи кишвар паноҳ бурданд, метавон рӯ ба рӯ шуд, ки ин ҳолатҳо низ метавонад ба зеҳнияти насли наврасу ҷавон таъсири худро гузошта бошад. Имрӯз барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ зарур аст, ки пеш аз оне ба гуфтаҳои  онҳо гуш диҳанд,  аз рӯзҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ёдовар шаванд, ки чунин гумроҳону хоинон бар сари мадуми тоҷик чӣ балоҳо оварданд ва чӣ ҷабру ситамеро раво диданд.

Имрӯзҳо баъзе аз гуморон ва ё хоинону зархаридон кучактарин мушкилоти ҷамъиятиро проблемаи сиёсӣ вонамуд месозанд, дар ҳоле, ки зисту зиндагӣ бе мушкилот вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз дар пешрафтатарин давлатҳои сайёра низ мушкилоти хурду бузурги ҷамъиятӣ вуҷуд дорад ва инсон тавони ҳаллу фасли ҳама мушкилотро надорад. Вале, боз ҳам дунболи кучактарин мушкили имрӯзи ҷомеа афтодани  бадхоҳон далели возеҳ аст, ки ин тоифа дар ҳеҷ давру замон пешрафти ин миллатро намехостаанд ва нахоҳанд хост. Коршиносон бар он назар ҳасанд, ки имрӯз ҷомеаро мебояд хуб марому ҳадафи чунин ахбороти иғвобарангезонаро дарк намояд, чун пайравӣ ба он ва чонибдории чунин назарот мардумро ба сардаргумӣ меоварад.

Ин ҳама гуфтаҳо дар ҳолест, ки ахиран дар “Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйирот ворид гардид, ки тибқи он таблиғи назароти ифротароиву террористӣ ва маводҳои нооромкунандаи фазои ҷамъиятӣ ва ё нишон додани ҷонибдорӣ ва ё дастгирии чунин маводҳо ҷиноят ҳисобида шуда, чунин нафарон тибқи он ба ҷавбгарӣ кашида мешавад. Дар ин доира баъзе аз нафарон, ки шояд интернет майдони баровардасозии манфиати ғаразнокашон буд аз чунин иқдоми мақомоти тоҷик норизоӣ баён намуданд, аммо ба назари муҳаққиқон  ин амали мақомот иқдоми наҷиб ва саривақтист.

Имрӯҳо барои аксар мардуми кишвар суоле норавшан аст, ки    баъд аз он ҳама хиёнату мардумфиребӣ боз ҳам он хоиноне, ки  дар хориҷи кишвар қарор гирифтаанд, аз ҷомеаи тоҷик чӣ мехоҳанд? Муҳаққиқон вобаста ба ин масъала таъкид медоранд, ки чунин нафарон ҳамеша аз паи ноором кардани фазои сиёсии кишвар ҳастанд. Дар воқеъ, амалӣ намудани ин ҳама барномаҳои бемантиқ  далели он аст, ки чунин афрод аз ҷониби қуввае ва ё давлате сарпарастӣ шуда, фармонбардор ҳастанд. Мардуми тоҷик бояд дарк кунанд, ки ин тоифа ҳамонҳое ҳастанд, ки маҳз ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба сари миллат бор намуданд. Агарчӣ имрӯзҳо чунин нафарон аз озодии баён ҳафр мезананд, вале дар асл ҳамоне ҳастанд, ки кӣ буданд. Танҳо аз ночорӣ барономаи кориро дигар кардаву дар ҳолати даст ёфтан ба қудрат боз ҳам аъмоли нопоки худро идома хоҳанд кард.

Воқеан ҳам баъд аз ин ҳама гуфтаҳо боз ҳам хуллосабарорӣ намуданро зарур намешуморем танҳо пешниҳод ин аст, ки дар ҳама ҳолат аз эҳтиёт кор бояд гирифт ва огоҳиву бедориро набояд аз даст дод, чун замони кунунӣ ва вазъи феълии ҷаҳон ва минтақа дар самти нигоҳдошти фазои сиёсӣ ва арҷгузори ба сулҳу суботи ҷомеаву давлат аз ҳар як нафар зиракии сиёсӣ талаб менамояд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 615
  • 1,242
  • 949,635