Бо мақсади беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар гӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.
4 декабри соли равон дар ноҳияи Ҷайҳун шӯъбаи таваллуди Беморхонаи минтақавии деҳотии №3 сохта ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида ба истифода дода шуд, ки он аз 5 ҳуҷра иборат мебошад.
Аснои ба истифода додани шӯъбаи мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуданд.
Сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев зимни ба истифода додани беморхонаи мазкур таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саломатии аҳолӣ, махсусан хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарону кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Номбурда иброз дошт, ки давоми солҳои охир бо мақсади хизматрасонии босифат ва саривақтӣ ба модарону кӯдакон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат як қатор муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба истифода дода шуданд.