Айнӣ: Кӯмакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаи тандурустӣ дастрас гардид

Айнӣ: Кӯмакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаи тандурустӣ дастрас гардид
Июн 04
09:43 2020

 Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи захираҳои тиббии соҳаи тандурустии ноҳия, аз ҷумла маводи доруворӣ, корҷомаҳои муҳофизатӣ, маводҳои антисептикӣ, аз вазъи фаъолияти табибон ва ҷараёни корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ба Беморхонаи минтақавии Зарафшон-1-и ноҳияи мазкур ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тиб мулоқот намуд.

Нахуст Раиси ноҳияи мазкур оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти табибон ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои  Сарвари давлат дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия барои пешгирӣ ва табобати бемории сирояти коронавируси нави КОВИД- 19 тамоми тадбирҳо андешида шуда, дар ин раванд кормандони соҳа бо маводҳои тиббӣ, доруворӣ таъмин карда шуда истодаанд.

Ҳамзамон, барои дастгириву ҳавасмандии кормнадони соҳа кӯмакҳои моддии Президенти мамлакат ва МИҲД-и ноҳия, аз қабили маводи хӯрока ва иловапулӣ ба маоши вазифавии кормандони соҳа дастрас карда шуд.

-Фаъолияти шабонарӯзии мову Шумо ба халқу Ватан бисёр зарур буда, имрӯз мо бояд аз ҳарвақта бештар бо халқ бошем ва софдилонаю беғаразона ба мардум хизмат намоем-иброз дошт Муқим Муродзода.

Дар охир Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ба кормандони соҳаи тиб дастуру супориш дод ва таъкид намуд, ки мо набояд аз ин бемории бавуҷудомада ҳаросем, чунки айни замон дар ҳама беморхона ва бунгоҳҳои тиббӣ шароити хуби кори фароҳам оварда шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 717
  • 1,242
  • 949,737