Ҷаласаи ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда оид ба муколамаи иҷтимоӣ баргузор гардид

Ҷаласаи ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда оид ба муколамаи иҷтимоӣ баргузор гардид
Май 25
10:14 2017

Имрӯз 25 майи соли равон дар пойтахти кишвар ш. Душанбе  ҷаласаи ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда оид ба  муколамаи иҷтимоӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Дар кори чорабинӣ С Умарзода муовини якуми  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мехта Пратебха ҳамоҳангсози доимии агентии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоил Шарифзода муовини якуми Федерасияи Итифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артём Сич мушовири Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва масъулону мутахасисони идораҳои дахлдор ба соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур С Умарзода зимни баромади хеш аз ҷумла таъкид намуд, ки;   “Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи давлат маҳсуб ёфта, дар мадди назари  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, сол аз сол ба соҳа таваҷҷӯҳ  афзун гашта, ҷиҳати рушди он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Тибқи  «Барномаи ҳамкорӣ  байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои  2015-2017″,  ки  бо   қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  28 феврали  соли  2015, №103  тасдиқ гардидааст, аз рӯи принсипи “муколамаи иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон пеш бурдани Тавсияи №202-и  Ташкилоти байналмилалии меҳнат бо роҳандозии чораҳои маҷмӯӣ, ки арзёбии вазъи сатҳи ҳадди ақали ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таъмин менамоянд,  амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо, пешбинӣ гардидааст”.

Маврид ба таъкид аст, ки вазифа ва ҳадафҳои Кумитаи роҳбарикунанда ин баррасии натиҷаҳои тадқиқоту омӯзишҳо, мувофиқа ва қабули иқдомоти минбаъда, ки ба рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидаанд иборат мебошад.  Ҳамоҳангсози фаъолияти кумита Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, ташкили кор ва пешбурди ҳуҷҷатгузориҳои алоқаманд ба фаъолияти кумитаро таъмин менамояд.

Бояд қайд намуд, ки хароҷоти марбут ба чорабиниҳои мазкур, аз ҷумла баргузориҳои ҷаласаҳои кумитаи роҳбарикунанда аз ҳисоби Намояндагии Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Дар ҷаласаи ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда оид ба  муколамаи иҷтимоӣ ҳамзамон гуфта шуд, ки   яке аз мақсадҳои гурӯҳҳои таъсисдодашуда ин, аз рӯи ҳар як кафолати тавсияшуда, бо дастгирии ТБМ ҳамаи барномаҳои амалкунанда ва банақшагирифташударо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди омӯзишу тадқиқ қарор додан мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 960
  • 1,242
  • 949,980