Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Апрел 01
18:39 2022

Санаи 1 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратро ифтитоҳ намуда, мавзӯъҳои ҷаласаро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Доир ба мавзӯи якуми ҷаласа, яъне “Ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғон дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024” муовини вазир Шодихон Ҷамшед баромад намуд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи барнома мутобиқ намудан ба меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи адолати судӣ, нисбат ба кӯдакон пешниҳод намудани тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ мебошад. Амалишавии тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии чунин ноболиғон барои ташаккул ва рушди низоми байниидоравии тавонбахшї ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғон замина мегузорад.

“Оид ба фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ҳангоми даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар давоми солҳои 2017-2021” сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба наврасон ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ Аминов Б., маълумот пешниҳод кард.

Ба зикри мавсуф ҳамасола рафти даъват ба хизмати ҳарбӣ зери назорати қатъии масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе, сардорони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гирифта мешавад. Ҳангоми мушоҳида шудани камбудӣ дар рафти даъват ба хизмати ҳарбӣ фавран он бартараф карда мешаванд.

Инчунин, тамоми комиссияҳои тиббии даъватӣ барои гузаронидани муоинаҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ танҳо аз ҷониби муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ бо маводҳои доруворӣ ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ омода буда, зери назорати доимии роҳбарони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо қарор доранд. Табибони масъули комиссияҳои тиббии даъватии комиссариатҳои ҳарбӣ аз ҳисоби мутахассисони варзидаи таҷрибадор таъин карда шудаанд.

Дар идома вобаста ба фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббии сохтори беморхонавӣ муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Давлатмурод Олимов маълумот дода, иброз дошт, ки бо мақсади мусоидат намудан ба инкишофи фаъолияти хусусии тиббӣ тамоми санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад, ки ин ба рушди башхи хусусии тиббӣ низ дар ҷумҳурӣ оварда расонид. Имрӯз теъдоди муассисаҳои хусусии тиббӣ 754 ададро ташкил менамояд.

“Оид ба иҷрои нақшаи корҳои таъмиру сохтмони муассисаҳои соҳа дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе тибқи нақшаи корӣ барои соли 2022” сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе баромад карданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760