Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат чор масъалаи муҳимро мавриди баррасӣ қарор дод

Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат чор масъалаи муҳимро мавриди баррасӣ қарор дод
Ноябр 19
15:25 2019

Имрӯз, 19 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тибби Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода, муовинони вазир Азиз Одиназода, Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии двлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мазкурро ифтитоҳ намуд.

Қабл аз оғози ҷаласаи ҳайати мушовара мутахассиси Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   Абдурасул Камолзода Маҳмадраҷаб  оид ба натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар давраи солҳои 2017-2019 баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он  тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагиро гузаронид.

Пешниҳод карда шуд, ки натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онро бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва пурра барқарор намудани маблағи зарари молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Пасон, ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии чор мавзӯъ ба кори худ оғоз намуд.

Сараввал Директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика-и вазорат Зафар Азизов оид ба рафти иҷроиши “Барномаи  миллии  иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар давоми 10 моҳи соли 2019 ва натиҷаи мониторинги вазъи пешгирии бемориҳои бо ваксина идорашаванда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” баромад намуд.

Ӯ аз ҷумла иброз намуд, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо  қоидаҳои асосии бехатарӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Таҳия ва қабули Барномаи миллии иммунопрофилактика аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 октябри соли 2016, №456) барои  солҳои 2016-2020 далели он аст, ки  Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин масъала диққати махсус медиҳад. Барномаи миллии иммунопрофилактика тамоми тарафҳои фаъолияти соҳаро оид ба мақсаду вазифаҳои он барои пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, бо таҳрезии қадамҳои алоҳида, ки барои  ҳар сол коркард шудаанд, дар бар мегирад. Дар Барномаи миллии мазкур мақсадҳои соҳа, вазифаҳо, равандҳои асосӣ ва мӯҳлатҳои иҷроиши онҳо муайян карда шудаанд.

Мақсади асосии Барномаи миллии  иммунопрофилактика ин таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, аз байн бурдани хатари такроршавии хурӯҷи бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ, устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак ва  пурзӯр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ  мебошад.

Қайд гардид, ки бо назардошти дастовардҳои назаррасе, ки соҳаи тандурустӣ оид ба иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда давоми солҳои охир ба даст овардааст, эҳтимолияти сар задани хурӯҷи бемориҳои сироятӣ комилан аз байн бурда нашудааст, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ бояд доимӣ ва сифатнок бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва муосири соҳа анҷом дода шавад.  Зарурияти идоракунӣ, фаъолияти сифатноки муассисаҳои тиббӣ-санитарӣ, таъмини маблағгузории устувор барои харидории ваксинаҳо, ташкили назорати босифати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда дар иҷрои Барномаи миллӣ мавқеи асосӣ доранд.

Дар идомаи ҷаласа сармутахассиси соҳавии вазорат оид ба неонатология А Г. Юнусов дар мавзӯъи “Таҳлили сабабҳои фавти неонатологӣ дар ҷумҳурӣ  дар соли 2018  ва 9 моҳи соли 2019” ба ҳозирин маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи асосиро ишғол менамояд, бинобар ин беҳтаргардонии саломатии кӯдакону наврасон ва паст намудани сатҳи беморшавӣ, маъюбӣ ва фавти онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Барои пешрафти соҳа ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти табибони давраи навзодон дар давоми соли 2018 даҳ протоколҳои милии таҳияшуда боздид карда шуданд ва пас аз баҳодиҳии мушовирони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба нашр супорида шуданд ва соли 2019 ба ҳамаи духтурони навзод ва таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуданд.

Дар соли 2019 протоколҳои нав дар мавзӯъҳои «Оксигенотерапия», «Зардшавии навзодон», «Камхунии навзодон», «Полиситемия», «Бемории геморагии навзодон» ва «Гипотермияи терапевтикӣ» тайёр шудаанд, ки онҳо дар айни ҳол аз рӯи нақша ба баҳодиҳии мушовирони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ равона карда шудаанд.

-Дар якҷоягӣ бо мудир ва ассистентҳои кафедраи неонатологияи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи  тандурустӣ” барномаи таълимӣ боздид карда шуд. Дар ин донишкада 12 барномаҳои таълимии модулӣ мавҷуд буда, дар Шӯрои марказӣ таълими методӣ тасдиқи худро ёфтанд. Аз ҷумла, Барномаҳои таълимӣ барои давраи такмили ихтисоси табибон дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами бемориҳои кӯдакони навзод» (барои табибони бемориҳои кӯдакони навзод, ки собиқаи корӣ аз 5 сол зиёд доранд) 1 моҳа; «Хусусиятҳои давраи кӯдакони навзод» (барои табибони бемориҳои кӯдакона) 1-моҳа; Барномаи таълимӣ барои ҳамшираҳо дар мавзӯи «Шуғли ҳамширагӣ дар бемориҳои кӯдакони навзод» 2-моҳа, ва ҳамин мавзӯъ барои ҳамшираҳои навзодон, ки собиқаи кориашон зиёда аз 5 сол, давоми 1- моҳ меомӯзонанд. Дар ин муассиса интернатура, ординатура ва магистратураи неонатологҳо  гузаронида мешаванд,-иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин, оид ба «Вазъи соҳаи бемориҳои чашм дар ҷумҳурӣ ва дурнамои рушди он» Сафаралӣ  Мирзоев, сармутахассиси соҳавии вазорат оид ба бемориҳои чашм маърӯза намуд.

-Соҳаи бемориҳои чашм яке аз самтҳои босуръат рушдкунандаи тандурустӣ  буда, барои рушду нумӯи он Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша  ёрии амалии худро мерасонад,-афзуд Сафаралӣ Мирзоев.

Қайд гардид, ки айни замон дар ҷумҳурӣ  муассисаи ҷумҳуриявӣ 1 адад, шифохонаҳои вилоятии бемориҳои чашм 4 адад, шӯъбаи бемориҳои чашм 10 адад ва ҳуҷраҳои бемориҳои чашм дар ҷумҳурӣ зиёда аз 114 ададро ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мусоидати бевоситаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ як қатор муассисаҳои хусусии тиббӣ фаъолият менамоянд, ки дорои иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буда, дар самти ташхису табобати бемориҳои чашм саҳм дошта, ва бо муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ҳамкории ҳамаҷониба доранд.

Ҳамзамон, дар бораи саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 Сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ С. Ҳафизов баромад намуд.

Зикр гардид, ки тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо то имрӯз амалӣ шудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармоишҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.

Дар соли ҷорӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмири муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ 46,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки он барои корҳои шишабандӣ, қисми зиёди таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузар сарф карда шудааст.

Дар соли ҷорӣ ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои маводи ғизоӣ 32,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври муқарраргардида, картошка 209,0 тонна (67,1%), пиёз 96,8 тонна (64,8%), орд 213,5 тонна (70,7%), равған 29526,0 литр (64,7%) ва дигар намуди хӯрока 166,6 тонна (76,9%) захира карда шудааст.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти беморон  бо  маводи ғизоӣ дар назди як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ 229 га замин ҳамчун хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шуда, дар онҳо сабзавотҳо аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, лаблабу, каду, мевагиҳо зардолу, себ ва дигар маҳсулотҳо парвариш карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки пас аз шунидани маърӯзаҳо вобаста ба мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи  масъалаҳои баррасишаванда пурсишу посух сурат гирифт. Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Саида Умарзода шахсан оид ба камбудиву норасоишҳои мавҷудаи масъалаҳои зикршуда ибрози андеша намуда, баҳри рафъи онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар фарҷоми ҷаласа Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон оид ба масъалаҳои хатнаи кӯдакон ва роҳ надодан ба хатнаи хонагӣ, ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдакон, ташкили ҳуҷраҳои алоҳида барои хатнаи кӯдакон, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 «Дар бораи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ», роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, масъалаҳои муоинаи никоҳшавандагон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ВНМО-аз ҷумла гузариш аз модар ба кӯдак, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732