Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024 баргузор гардид

Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024   баргузор гардид
Декабр 16
15:38 2019

Имрӯз, 16 декабри соли равон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба амалисозии Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024  баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо ва роҳбарони як қатор муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кориро оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки бо мақсади нигоҳдошти солимии аҳолӣ тавассути тарғиби ғизои солим, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №463 Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024 тасдиқ шудааст.

-Тавре дар Барномаи мазкур омадааст, фарбеҳӣ ва маҷмӯи оризаҳои он аз охири асри XX ва аввалҳои асри XXI инҷониб масъалаи ҳалталаби байнисоҳавии аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  фарбеҳиро ҳамчун эпидемияи глобалӣ эълон намудааст.

Ғизо бошад, омили аввалиндараҷаи таъмини саломатии инсон қабул гардидааст. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ғизои дуруст заминаи муҳимми саломатии аҳолӣ мебошад. Фаъолияти ҳуҷайраю бофтаҳои ҷисми инсон, аз ҷумла саломатию дарозумрӣ, фаъолияти меҳнатии инсон ва сатҳи рушди ояндаи ҷомеа аз ин омил вобастагӣ дорад,-афзуд ӯ.

Дар  идомаи ҷаласа оид ба муаррифии ҳадафу вазифаҳои Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024  Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» доктори илмҳои тиб Саодат Азимзода  ва  ҳамзамон вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар самти ташаккули ғизои солим Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» доктори илмҳои тиб Хайров Ҳотамшо Сайфиддинович баромад намуданд.

Дар ҷаласа махсус қайд гардид, ки илми муосири ғизо муайян намудааст, ки вайроншавии таркиби ғизо (алалхусус пурхӯрӣ) ва паст будани сатҳи фаъолияти ҷисмонӣ омилҳои асосии инкишофи бемориҳои ғайрисироятии дар ҷаҳон паҳнгардида, ба монанди фарбеҳӣ, дилу рагҳои хунгард, диабети қанди навъи 2,намудҳои алоҳидаи саратон ва ғайра мебошанд.

Бояд гуфт, ки айни ҳол пешгирии фарбеҳӣ масъалаи афзалиятноки соҳаи тандурустии аксари кишварҳои ҷаҳон гашта, фарбеҳӣ ба бемориҳои аҳамияти тиббию иҷтимоидошта дохил мешавад.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад. Масъалаҳои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №808 тасдиқ шудааст, ҳамчун масъалаи афзалиятноки байнисоҳавӣ муайян гардидааст.

Маълумотҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  нишон медиҳанд, ки тайи 10 соли охир тамоюли зиёдшавии фарбеҳӣ дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасад. Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати умумиҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ ҷойи 128-умро ишғол менамояд.

Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024  тамоми табақаҳои аҳолиро фаро гирифта, тавассути беҳтар намудани ҳолати ғизо ва баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонӣ сатҳи инкишофи вазни зиёди бадан ва бемории фарбеҳиро пешгирӣ намуда, ба солимгардонии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Тавре дар барномаи мазкур омадааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ғайраҳо вазифа ва чорабиниҳои нақшаи татбиқи Барномаро шарҳ дода, ҷиҳати иҷрои онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 680
  • 1,242
  • 949,700