8 октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи шарҳи ихтиёрии миллӣ вобаста ба Нақшаи амали Мадрид доир гардид, ки дар он Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва намояндагони вазорату идора, кумита ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии куҳансолонро, ки бо қарори Ассамблеяи генералии СММ аз 14 декабри соли 1990 тасдиқ шудааст, ҳамасола ҷашн мегирад. Ассамблеяи дуюми генералии СММ вобаста ба ин масъала аз 8 то 12 апрели соли 2002 дар шаҳри Мадриди Испания баргузор гардида, на танҳо қарори тасдиқи Рӯзи байналмилалии куҳансолонро дастгирӣ намуд, балки ба сарони кишварҳо нақшаи байналмилалии амали Мадрид оид ба масъалаҳои пиронсолонро таҳия ва пешниҳод кард. Нақшаи амали Мадрид ба кишварҳои аъзои СММ пешниҳод менамояд, ки самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатро мавриди истифода қарор диҳанд ва ба пиронсолон ҳаёти шоистаро таъмин намоянд. Аз соли 2002 ин ҷониб ҳар 5 сол намояндагони кишварҳое, ки аъзои СММ ҳастанд, дар конфронсҳои вазоратӣ, ки одатан дар Қасри миллатҳои Женева ё дигар кишварҳои Аврупо гузаронда мешаванд, оид ба татбиқи пешниҳоди Нақшаи амали Мадрид вобаста ба пиронсолон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Қайд кардан зарур аст, ки аз охири асри XX афзоиш ёфтани давомнокии умри аҳолии рӯи замин ба қайд гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, ин омил боиси муносибати ҷиддӣ бо куҳансолон гардидааст.
Мувофиқи тадқиқоти гузаронидаи коршиносони СММ ҳар сол беш аз 1 миллион нафар ба синни 60 қадам мегузоранд. Дар ду даҳсолаи охир — солҳои 1950 — 2010 дарозумрӣ дар ҷаҳон аз 46 то ба 68 — солагӣ афзоиш ёфт ва мувофиқи пешбиниҳо охири асри XXI ба 81- солагӣ мерасад. Айни замон дар ҷаҳон қариб 700 миллион нафар ашхоси аз 60 — сола боло ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам соли 2050 ба 2 миллиард мерасад, ки беш аз 20 фоизи аҳолии рӯи заминро ташкил хоҳад дод.
Агар пешбинии мутахассисонро ба назар гирем, пас дар соли 2050 бори аввал дар таърихи инсоният шумораи одамони аз 60 — сола боло нисбат ба кӯдакони то 15 — сола зиёдтар мешавад.
Муҳимияти масъалаи вобаста ба пиршавии демографии аҳолиро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ низ таъкид мекунад: «Масъалаҳое, ки ба пиршавӣ дар асри ХХI алоқаманданд, аз масъалаҳое, ки дар асри гузашта арзи вуҷуд мекарданд, фарқи зиёд хоҳанд дошт. Мо бояд роҳҳои нави масоили пиршавӣ, дар навбати аввал, мушкилотеро, ки ба тандурустӣ вобастаанд, дарёфт намоем».
Ҳамаи ин тақозо мекунанд, ки ба талабот ва мушкилоти калонсолон таваҷҷуҳи махсус равона карда шавад.