21 январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024» баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, аъзои гурӯҳи кории байнидоравӣ, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва маориф ва илм, инчунин намояндагони Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамоҳангсозии амалишавии барномаи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, тибқи Нақшаи чорабиниҳо татбиқи 14 банд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 3 банд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, 5 банд ба Вазорати адлия, 1 банд ба Вазорати маориф ва илм, 1 банд ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 3 банд ба Гурӯҳи корӣ вогузор гардидааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Барнома дар соли 2021 иҷрои 9 банд пешбинӣ гардида буд, ки бо назардошти иҷрои чорабиниҳои солҳои 2020-2021 иҷрои як чорабинӣ идома дорад. Иҷрои дигар бандҳо 99%-ро ташкил медиҳад. Кор оид ба иҷрои банди 6 вобаста ба таҳия ва қабули нишондиҳандаҳо ва механизми мониторинг идома дорад.