Ҷаласаи гурӯҳи кории байнисоҳавии регламенти техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” баргузор гардид

Ҷаласаи гурӯҳи кории байнисоҳавии регламенти техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” баргузор гардид
Январ 17
15:19 2020

Имрӯз, 17 январи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ҷаласаи гурӯҳи  кории байнисоҳавии регламенти техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” (минбаъд дастури техникӣ)  баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идора ва сохторҳои марбутаи лоиҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки регламенти техникӣ  “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” (минбаъд дастури техникӣ) бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъмоли орди ғанигардонида, инчунин, пешгирӣ намудани амалҳои аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагон барои гумроҳ намудани истеъмолкунандагон татбиқ карда мешавад.

Иҷрои регламенти техникии мазкур дар иншоотҳои танзими техникии зерин амалӣ карда мешавад: орди гандумии ғанигардонидашудаи навҳои якум ва олӣ барои истеҳсоли нон ва маҳсулотҳои нонӣ; раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркард ва нобудсозии орди ғани-гардонидашуда.

Дар идомаи ҷаласа масъалаи таҳияи регламенти техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” (минбаъд дастури техникӣ)  миёни иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирфт.

Дар хотима ба намояндагони вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки то муҳлати муқарраргардида талкифу пешниҳоди хешро ҷиҳати таҳияи регламенти техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” (минбаъд дастури техникӣ)  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 740
  • 1,242
  • 949,760