Ҷаласаи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сино”

Ҷаласаи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сино”
Декабр 11
13:07 2020

Дар маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Сино”-и муассисаи таълимии мазкур конференсияи илмӣ таҳти унвони ““ҲХДТ созанда аст” доир гардид.

Бахтовар Почоев, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд номаи муборакбодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ин санаи муборак ба самъи ҳозирин расонид.

Инчунин, муовини ташкилоти ибтидоии “Сино”-и коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ Амбарой Волидова зимни баромади худ зикр дошт, ки Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиклолият аст, дар давоми мавҷудияташ хамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардуми кишвар кушиш ба харқ дода, дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар идомаи кори конфронс ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишии дохиликоллеҷӣ аз руи 6 намуд, ки  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Президент ва ба муносибати 26-умин солгарди таъсиси ҲХДТ байни омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 934
  • 1,242
  • 949,954