Ҷаласаи корӣ оид ба баҳодиҳии лоиҳаи “Модари солим-кӯдаки солим”

Ҷаласаи корӣ оид ба баҳодиҳии лоиҳаи  “Модари солим-кӯдаки солим”
Декабр 16
16:32 2020

Имрӯз, 16 декабри соли равон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода оид ба баҳодиҳии  лоиҳаи  “Модари солим-кӯдаки солим”, ки 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Левакант, Кушониён, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Ёвон, А.Ҷомӣ ва Ҷ.Балхиро дарбар мегирад, ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он  мушовирони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, мақсади асосии татбиқи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани вазъи ғизо, пешгирӣ намудани беморшавӣ ва фавти модарон ва кӯдакон ба шумор меравад. Бинобар ин, пеш аз оғози татбиқи лоиҳаи зикргардида, ки дар соли 2021 дар назар аст, гузаронидани баҳодиҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

Таъкид гардид, ки баҳодиҳии лоиҳаи мазкур моҳҳои январ ва феврали соли 2021 бояд гузаронида шавад. Баҳодиҳӣ  дар ду сатҳ: шӯъбаҳои таваллудӣ ва кӯдаконаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва дар сатҳи марказҳои саломатии шаҳру ноҳиявӣ доир хоҳад гашт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 688
  • 1,242
  • 949,708