Дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода вобаста ба таҳлил ва баррасии вазъи санитарию эпидемиологии мамлакат, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили бемориҳои сил, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои қанд, фарбеҳӣ, инчунин риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони марказҳои санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласаи корӣ он дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 24 январи соли 2024 зимни суханронии хеш дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамзамон доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, бемории диабети қанд ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим баён доштанд, мавриди таҳлилу баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуданд.
Дар ин замина, ба роҳбарияти Муассисаи давлатии ташаккули тарзи ҳаёти солим супориш дода шуд, ки корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба пешигирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, аз ҷумла диабети қанд тариқи ВАО ҷоннок намояд.
Инчунин, ба роҳбарони марказҳои санитарию эпидемиологӣ супориш дода шуд, ки фаъолияти хешро баҳри пешгирии паҳнавшии бемориҳои сироятӣ боз ҳам пурзур намоянд.