Ҷаласаи кории ситод дар ҳошияи Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи кории ситод дар ҳошияи Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Феврал 28
15:11 2020

Дар ҳошияи Маҷлиси  навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  имрӯз, 28 феврал таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории ситод доир гашт.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳое, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуданд, ҷалб намуд.

Дар кори маҷлис дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вобаста ба масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла пешгирии сирояти коронавирус ироа гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз ҷумла ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷидҳо, тую маъракаҳо, риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас баён карда шуда, ба масъулин супоришҳо дода шуд. Дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО васеъ ба роҳ монда шавад ва тавассути он мутахассисони соҳа тавсияҳои худро оид ба риояи гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми омодасозии ғизо, муносибат бо кӯдакон,  махсусан, бо тифли навзод ба мардум пешниҳод намоянд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Маҷлиси  навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъалаи андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус низ мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

Дар маҷлис доир ба тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд. Таъкид гардид, то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд ба қайд гирифта нашудааст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизотҳои санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешавад. Тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 684
  • 1,242
  • 949,704