Ҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Ҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Декабр 20
17:03 2022

Имрӯз, 20 декабри соли 2022 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёнии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ ширкат намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи намояндагони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рафти амалишавии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ҳисоботи намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рафти амалишавии «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, инчунин лоиҳаи нақшаҳои кории Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва Комиссияи назорати назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи байни барномаҳои оид ба бемориҳои ВНМО ва сил тақсим намудани маблағҳое, ки аз ҷониби Хазинаи глобалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва сил барои давраи солҳои 2024-2026 ҷудо карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз натиҷаи ҷамъбасти муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732