Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Май 29
14:59 2021

Имрӯз,  29 майи соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир  Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, мавзӯъҳои ҷаласаро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Ҳамин тавр, сараввал дар мавзӯъи “Ҷараёни иҷрои “Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027” Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат баромад намуд.

Зикр гардид, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ мебошад. Мушкилотҳо вобаста бо ғизои носолим ба тамоми аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд, алалхусус модарон ва кӯдакон аз ҷиҳати вазъи иҷтимоию иқтисодӣ хеле осебпазир мебошанд.

Дар ин раванд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027» аз 29 сентябри соли 2017 таҳти №456 тасдиқ шудааст.

Мақсади  стратегия таъмин намудани шароит барои ҳифз ва таҳкими саломатӣ ва такмили натиҷаҳои таҳсили хонандагон тавассути рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тавре таъкид гардид, барои таъмин намудани рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:

– такмили сиёсати давлатӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд;

– таъмини ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ашхос ва ташкилотҳои дахлдор;

– таъмин намудани маблағгузорӣ ва банақшагирии устувор;

– таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ;

– иштироки ҷомеа дар рушди ғизои мактабӣ ва бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд.

Ғизои мактабӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии он зина ба зина мустаҳкам гардида истодааст. Агар cоли 2014 ҳамагӣ 21 фоизи хонандагони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ бо ғизои мактабӣ фаро гирифта шуда бошанд, соли 2020 он ба 45,5% расидааст ва таъминоти он бо дастгирии шарикони байналмилалӣ оид ба рушд – Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ва донорҳо (Федератсияи Россия) амалӣ мегардад.

Дар 2000 мактаб зиёда аз 410 000 мактаббачагон аз тарафи Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ фаро гирифта шуда, мактабҳо бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, намак ва лӯбиёгиҳо барои омода намудани ғизои гарм ва солим таъмин карда шудаанд.

“Дар бораи ҷамъбасти мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 ва омодагии муассисаҳои табобатию профилактикӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ташкилоту идораҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022” Сайдалӣ Ҳафизов, муовини сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2020, №241 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021»-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ дода, барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 корҳои муайянеро ба сомон расониданд, ки барои нисбатан беҳтар гузаронидани тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 мусоидат намуд.

Тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида, аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо то имрӯз амалӣ шудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармоишҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шуд.

Барои давраи тирамоҳу зимистони соли сипаригардида ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои маводи ғизоӣ 21,3 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври муқарраргардида, картошка 248,2 тонна (93,0%), пиёз 121,5 тонна (90,0%),  равған  39295,8 литр (104,6%), орд  251,9 тонна (93,0%) ва дигар намуди хӯрока 178,8 тонна (97,5%) харидорӣ карда шуд.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти беморон  бо  маводи ғизоӣ дар назди як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ 210,3 га замин ҳамчун заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шуда буд, ки аз ин 144,03 га заминҳои полезӣ ва 66,28га дигараш бошад, боғҳои мевадиҳанда ва дарахтони сояафканро дарбар мегирад. Дар заминҳои полезӣ сабзавотҳо аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, лаблабу, каду ва дигар маҳсулотҳо парвариш карда шуд.

Дар давраи тирамоҳу зимистони сипаригардада бо мақсади истифодаи самараноки энергияи гармӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ ҷиҳати пайвастшавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шабакаҳои гармидиҳии  шаҳри Душанбе қайд кардан лозим аст, ки аз 106 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд, аз ин 67 муассиса ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст буданд, 13 муассиса аз дегхонаҳои локалӣ гармиро истифода бурданд ва дар 26 муассиса системаи дохилӣ барои қабули гармии мутамарказ омода буда, дар ҳолати гузаронидани хатҳои шабакаҳои гармидиҳӣ дар маҳали ҷойгиршавии онҳо ба ин хат пайваст карда мешаванд.

Доир ба мавзӯи сеюми ҷаласа,  яъне  “Дар бораи вазъи маъюбшавии аҳолӣ аз бемориҳо дар ҷумҳурӣ ва дар оянда пешгирӣ намудани сатҳи баландшавии маъюбӣ” сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ  Шералӣ Амиршозода  баромад намуд.

Қайд гардид, ки Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №601 “Дар бораи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ” таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомнома ва Дастурамал оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба роҳ монда, муайян  намудани  ҳолати қобилияти корӣ ва муқаррар намудани гурӯҳи маъюбии шаҳрвандонро иҷро менамояд.

Хадамот ҳолатҳои вазъи маъюбӣ, беморшавӣ, сабабҳои маъюбӣ, тавонбахшӣ ва пешгирӣ намудани сатҳи баландшавии маъюбиро дар асоси маводҳои комиссияҳои ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва дигар маълумотҳои бадастрасида мавриди таҳлилу омузиш қарор дода, натиҷаи онро мунтазам ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мунтазам гузаронидани таҳлилҳо оид ба вазъи беморшавии аҳолӣ ва пешгирии беморӣ, ки ба раванди паст намудани сатҳи маъюбшавӣ мусоидат менамояд, аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои дахлдори соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона, Маркази ҷумҳуриявии тиббии генетикӣ, Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон бурда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ 40 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшии кӯдакона ва пиронсолону маъюбон, инчунин 2 адад марказҳои ҷумҳуриявии тавонбахшӣ барои кӯдакони маъюб арзи вуҷуд доранд.

Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон баҳри пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи маъюбӣ   фаъолияти худро дар ин самт равона сохта, тавассути бахшҳои амбулаторӣ ва беморхонагӣ аз имконятҳои мавҷуда ба маъюбон, шахсони имконияташон маҳдуд ва беморону ниёзмандон ба таври ройгон хизмат мерасонад.

Таъкид гардид, ки бо мақсади ба танзим даровардани назорати диспансерӣ, тавонбахшӣ, солимгардонӣ ва ҳуҷҷатгузории тиббӣ, аз ҷумла картаҳои амбулатории маъюбон аз ҷониби мутахассисони Хадамот бо тариқи интихобӣ дар як қатор марказҳои саломатӣ таҳлили маниторингӣ гузаронида шуд.

Ба роҳбарони муассисаҳои КАТС, таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар ҳамдастӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, Маркази генетика, Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона ва дигар муассисаҳи илмию клиникӣ ва тадқиқотии тандурустӣ ҷиҳати пешгирии зиёдшавии беморӣ, дар бораи вазъи маъюбшавии аҳолӣ аз бемориҳо дар ҷумҳурӣ ва дар оянда пешгирӣ намудани сатҳи баландшавии маъюбӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Доир ба мавзӯъҳои пешнишодгардида қарори ҳайати мушовараи вазорат қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 732
  • 1,242
  • 949,752