Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Май 22
12:08 2018

Субҳи имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи ин ниҳод доир гардид. Ҷаласаи мазкурро Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, сардорон ва сармутахассисони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон,ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар оғози суханронии хеш Насим Олимзода диққати ҷамъомадагонро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва глобалии замони муосир, ки дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар 12 майи соли ҷорӣ таъкид ёфтанд, ҷалб намуда, дар баробари ин нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва глобалии замони муосирро дар ҳузури ҷамъомадагон муфассал шарҳ дод.
Баъд аз суханронии Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайати мушовара ба кори рӯзномаи ҷаласа шурӯъ намуданд.
Натиҷагирӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ таи солҳои ‎2017-2018 ва барассии омодагиҳои муассисаҳои тандурустӣ ба давраи зимистони ‎2018-2019, баррасии вазъи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солимгардонии маъюбону пиронсолон ва ҷой додани ин тоифа дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳо аз масъалаҳои аслие буданд, ки дар рӯзномаи ҷаласаи хайати мушовара мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 698
  • 1,242
  • 949,718