Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Июн 29
12:40 2018

Субҳи имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи ин ниҳод доир гардид. Ҷаласаи мазкурро Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, дар кори он дигар муовинони вазир, сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, сардорон ва сармутахассисони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуданд.

–     Таҳлили фаъолияти бахшу шӯъбаҳои наҷоти калонсолон ва кӯдакона дар муассисаҳои давлатии тандурустии ҷумҳурӣ;

–    Натиҷаи таҳлили ҳолатҳои  фавти беморон дар муассисаҳои сатҳи  беморхонавии ҷумҳурӣ;

Вобаста ба масъалаи якуми ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти мавзуоти   таҳлили вазъи воқеии фаъолияти бахшҳои наҷот дар ҷумҳурӣ, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ёрии эҳёгарӣ ва вобаста ба он маърӯзаҳо шунида шуда, дар доираи он гуфтушунид сурат гирифт.

Бо мақсади дар амал татбиқи намудани Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020», «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2023», аз масъалаҳои дигаре буданд, ки дар кори ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи ин ниҳод мавриди бозомӯзӣ қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, вобаста ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва паст намудани нишондодҳои фавти беморхонагӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо ба иштирокчиёни чаласа дастур ва супоришҳои мушахас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 919
  • 1,242
  • 949,939