Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Август 28
17:09 2021

Имрӯз, 28 августи соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа чор масъала-“Ҷараёни  татбиқи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №252  “Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022”, “Рафти амалисозии Нақшаи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 дар ҳолати то 15 августи соли 2021”, “Вазъи таъминоти маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва натиҷаҳои арзёбии амалишавии барномаи “Равзанаи ягона оид ба механизми тақсимоти воситаҳои тавонбахшӣ” ва “Иҷрои «Нақшаи стратегии пешгирӣ, хуруҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба мавзӯъи якуми ҷаласа, яъне “Ҷараёни  татбиқи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №252  “Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” Шарифов Зайнулло, сардори  Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат баромад намуд.

Тавре зикр гардид, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2020-2022 мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ҳадафи асосии он  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири он ба хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ва аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмии хизматрасониҳои тиббӣ аз ҷониби аҳолӣ мебошад.

“Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва татбиқи шартҳои Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Аврупоӣ оид ба татбиқи шартҳои Барномаи дастгирии рушди захираҳои инсонӣ амалӣ гардида истодааст”,-зикр гардид дар ҷаласа.

Қайд гардид, ки барномаи мазкур аз соли 2007 то имрӯз 8 маротиба бо қарорҳои алоқаманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Дастурамал ва Қоидаҳо доир ба татбиқи Барномаи мазкур тибқи фармоишҳои якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

Доир ба “Рафти амалисозии Нақшаи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 дар ҳолати то 15 августи соли 2021” Бандаев Илҳом, сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалӣ маълумот дод.

Тавре зикр гардид, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз самтҳои асосии хизматрасонӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ба он ҳам аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад моҳи январи соли 2021 аз тарафи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нақшаи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025” қабул гардид, ки он аз чор қисмати асосӣ иборат мебошад. Новобаста аз он, ки соли аввали татбиқи Нақшаи мазкур ба давраи пандемияи бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 рост омадааст, бисёр чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда бе мамоният иҷро карда шуда истодаанд.

Таъкид гардид, ки ҳуҷҷати мазкур идомаи амалигардонии мақсадҳо ва вазифаҳои Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба шумор рафта, чорабиниҳои он барои беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳо дар сатҳи КАТС, азнавсозии системаи иттилоотӣ бо мақсади такмили равандҳо ва идоракунӣ, беҳтар намудани ҳамгироӣ ва рушди хизматрасониҳои асосӣ дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС, аз он ҷумла кумаки паллиативӣ, кумаки фаврии тиббӣ ва сохторҳои амудӣ ва ҷалби ҷомеа оид ба масъалаҳои саломатӣ равона карда шудааст, ки ин чор мақсади асосӣ дар ҳадафҳои Стратегияи рушди солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки айни замон лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, инъикос ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ бо иштироки сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва коршиносони байналмилалӣ 110 протоколҳои клиникӣ оид ба ташхис ва табобати беморон дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таҳия гардида, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.06.2020, №456 тасдиқ  ва ба тамоми муассисаҳои таълимию клиникии тибби оилавии ҷумҳурӣ дастрас гардида, тибқи он корбарӣ шуда истодааст.

“Дар бораи вазъи таъминоти маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва натиҷаҳои арзёбии амалишавии барномаи “Равзанаи ягона оид ба механизми тақсимоти воситаҳои тавонбахшӣ” Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат суханронӣ намуд.

Қайд  гардид, ки таъмин кардани маъюбон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, асоси ҳуқуқии онро моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”  ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон» аз 3 декабри соли 2011, №604 ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, ки дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар ягона «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд фаъолият мекунад, ки Қоидаҳои болозикр ба истеҳсоли зиёда аз 20 номгӯи маҳсулоти протезию ортопедӣ машғул буда, ҳамзамон маъюбонро бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки барои таъмин кардани эҳтиёҷоти шахсони маъюб ва дигар шаҳрвандони ниёзманд вазорат ҳамасола дар асоси дархостҳои шуъба ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талаботи  аҳолиро ба маҳсулоти протезию ортопедӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ  ҷамъоварӣ карда, ҳаҷми маблағгузории онҳоро ҳисоб намуда, барои пешбинӣ намудани маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд.

Мутобиқи маълумоти Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе   дар шаш моҳи соли 2021 ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд  1119  адад аробачаи маъюбӣ (624 адад аз ҳисоби хариди маблағҳои буҷетӣ ва 495 адад аз ҳисоби хайрияҳо) дастрас карда шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки аз шумораи умумии аробачаҳои воридгардида, аз ҷумла 803 адади он бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кумак ба вазорат тақдим карда шудаанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 429 адад асо, 71 адад асо барои нобиноён, 165 ҷуфт асобағал, 47 адад асобағал то оринҷ, 41 дона дастгоҳи шунавоӣ , 37 адад роҳгардак (ходунок), 9 адад пурбин (лупа), 19 адад курсӣ барои ҳоҷатхона ва 1 адад курси барои ҳаммом дастрас гардонида шудаанд.

Дар шаш моҳи соли 2021 аз ҷониби корхонаи мазкур ҳамагӣ ба миқдори 5222 адад воситаҳои гуногуни техникӣ (аз ҷумла протезу ортезҳо ва пойафзоли ортопедӣ) ба 4805 нафар ниёзмандон ба таври ройгон пешниҳод карда шудааст, ки маблағи 2286260 сомониро ташкил медиҳад.

“Дар бораи иҷрои «Нақшаи стратегии пешгирӣ, хуруҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ” Давлатов Холмирзо маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи эпидемиологии бемории вараҷа сол аз сол беҳтар гардида, шумораи манбаъҳои фаъол ва ҳодисаҳои маҳаллӣ коҳиш ёфтааст. Инчунин, интиқоли маҳаллии вараҷаи тропикӣ дар ҷумҳурӣ соли 2009 қатъ гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳншавии маҳаллии бемории вараҷаи серӯза бори нахуст соли 2015 қатъ карда шуд. Шаш сол инҷониб дар кишвар ягон ҳодисаи маҳаллии бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст ва айни замон ҷумҳурӣ марҳилаи барҳамдиҳии вараҷаро гузашта, дар марҳилаи пешгирии аз нав барқароршавии бемории вараҷа қарор дорад. Ин комёбӣ ба шарофати амалӣ гардидани ташаббусҳои мақсадноки стратегӣ ва илман асосноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои СУТ ва дигар  шарикони байналмилалӣ ва рушд имконпазир  гардид.

Бояд гуфт, ки айни замон дар ҷумҳурӣ «Нақшаи стратегии пешгирии хуруҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» амалӣ карда шуда истодааст, ки ба нигоҳ доштани комёбиҳои ба дастомада ва пешгирии аз нав барқароршавии бемории вараҷа нигаронида шудааст.

Ҳамзамон, дар ҷаласа сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо низ вобаста ба масъалаҳои ҷаласа баромад намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 932
  • 1,242
  • 949,952