Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат доир гардид

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат доир гардид
Июн 18
20:19 2022

18 июни соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа чор масъала-“ҷамъбасти мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ва омодагии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023”, “таҳлили фаъолияти шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”, “таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхис, табобат ва назорати дармонгоҳии бемориҳои  дил ва ҷарроҳии дил дар ҷумҳурӣ” ва “риояи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар самти ташкили хизматрасонии тиббии ройгон ва таъминоти доруворӣ ба шахсони имтиёздор” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба масъалаи якум -“ҷамъбасти мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ва омодагии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023”сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Зайнулло Шарифов баромад намуд.

Муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2021, №377 «Дар бораи саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022»-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ дода, барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 корҳои муайянеро ба анҷом расониданд, ки барои нисбатан беҳтар гузаронидани тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 мусоидат намуд.

Гуфта шуд, ки тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида аз тарафи раёсатҳои тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо то имрӯз амалӣ шудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармоишҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шуда буд.

Дар доираи маблағҳои ҷудогардидаи соли 2021 барои нигоҳдорӣ ва таъмир, корҳои шишабандӣ, таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузаронида шуда буд.

Қайд гардид, ки умуман дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ вобаста ба муътадил омадани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 хуб гузашта бошад ҳам, чораҳои иловагиро вобаста ба захираи маводҳои сухт, хӯрока, таъмири ошхонаҳо, пешгирии зиддисухтор, пардохти қарзҳои коммуналӣ, роҳ надодан ба талафоти беасоси нерӯи барқ ва дигар корҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 талаб менамояд.

Дар мавзӯи “таҳлили фаъолияти шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” сародори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии вазорат Илҳом Бандаев маълумот пешниҳод намуд.

Қайд карда шуд, ки кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз самтҳои асосии хизматрасонӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ба он пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Тасдиқи ин гуфтаҳо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаронидани чорабиниҳои саривақтӣ, дастгирии фаъолияти шабонарӯзии кормандони тиббӣ дар самти саривақт дарёфт, ташхис ва табобати беморони гумонбар ва гирифторшуда ба бемории коронавируси нави COVID-19 буд, ки соҳаи тандурустии мамлакат дар давраи муайян паҳншавии ин сироятро пешгирӣ намуд. Дар натиҷаи анҷом додани хонагардишҳои фаъол, ки ҳамарӯза аз тарафи кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ зиёда аз 25% аҳолӣ фаро гирифта мешаванд, вазъи ин бемории сироятӣ  дар кишвар ором боқӣ мондааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддию техникии муассисаи КАТС ҳамкориро бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шарикон оид ба рушд пурзӯр намуда, чорабиниҳои зиёдеро дар самти мустаҳкамнамоии заминаи моддии муассисаҳо, рушди кадрӣ ва беҳтарнамоии хизматрасонии аввалия амалӣ намуда истодааст.

Дар ин росто, бо мақсади тақвият бахшидани шабакаи муассисаҳои КАТС ва додани афзалият дар раванди рушди минбаъдаи соҳа бо иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Изҳороти муштарак бо тамоми донорҳо ва агентиҳои татбиқкунанда, бо иштироки намояндагиҳои дафтари Созмони умумиҷаҳони тандурустӣ оид ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба имзо расонида шуда, дар ҷаласаи машваратӣ чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани идоракунӣ, инфрасохтор, заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии муассисаҳои кишвар таҳрезӣ карда шуданд.

Дар баробари ин, аз тарафи коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар натиҷаи таҳлилҳои раванди пешгирӣ, ташхис, табобат ва эмгузаронӣ бар зидди бемории сирояти коронавируси нави COVID-19, ки бевосита ба шабакаи муассисаҳои КАТС-и ҷумҳурӣ вобаста мебошад, пешгирии саривақтӣ, тариқи анҷом додани маҷмӯи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва каноранишинӣ ва кор бо тамосбудагон ва аҳолии гурӯҳи хатар, табобати амбулаторӣ ва эмгузаронии давравии аҳолӣ “Таҷибаи Тоҷикистонӣ”, ки бевосита ба шабакаи муассисаҳои КАТС алоқаманд аст, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи бомуваффақ шинохта шуд.

Дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дастовардҳои назаррас ва таҷрибаи беҳтарин дар  мубориза бар зидди бемории сирояти коронавируси нави COVID-19 аз тарафи роҳбари Намояндагии аврупоии СУТ бо ҷоизаи байналмилалӣ сазовор гардонида шуда, дар раванди баргузории Ҳамоиши солонаи тандурустӣ ба таври расмӣ мукофотонида шуд.

Вобаста ба масъалаи сеюми ҷаласа, яъне “таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхис, табобат ва назорати дармонгоҳии бемориҳои  дил ва ҷарроҳии дил дар ҷумҳурӣ” муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” Ҳикматулло Файзуллоев баромад кард.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳурии клиникии бемориҳои дил” сармуассисаи махсусгардонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти он ба пешгирӣ, ташхис, ва муолиҷаи бемориҳои дилу шараён, расонидани ёрии ташкиливу дастурӣ ба марказҳои кардиолоҷии вилоятӣ, шӯъбаи бемориҳои дилу шараён дар ноҳияҳо, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти соҳа ва тайёр намудани дилпизишкон, равона карда шудааст. Марказ дорои 192 кат буда,  аз сохторҳои зерин иборат мебошад: шуъбаи дармонгоҳи машваратӣ ва бистаринамоӣ, озмоишгоҳи клиникию ташхисӣ, шуъбаи офият, бахши  рентгеноангиография, шуъбаи ташхис,  шуъбаи наҷот–12 кат, шуъбаи сактаи дил-50 кат, шуъбаи бемориҳои музмини ишемиявии дил–40 кат, шуъбаи фишорбаландии шараёнӣ–50 кат, шуъбаи аритмия ва нуқсонҳои дил – 40 кат. Айни ҳол дар  марказ 256 нафар корманд фаъолият менамоянд, аз он ҷумла табибон -55 нафар, ҳамшираҳо  110 нафар,  парасторон 53 нафар, кормандони маъмурият ва хоҷагидорӣ-38 нафар.

Дар маркази мазкур ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар доираи барномаҳои миллии соҳавӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд.

Истифодаи протоколҳои клиникӣ  таҳти назорати  бевоситаи роҳбарияти марказ қарор дошта, дар муассиса комиссияи доимомалкунанда таъсис дода шудааст, ки мунтазам таъминотнокии шӯъбаҳоро бо протоколҳои клиникӣ ва истифодаи онҳоро дар ташхису табобати беморон назорат мекунад.

Дар идомаи суханронии хеш номбурда доир ба паҳлуҳои дигари мавзуъи мазкур ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Дар робита ба масъалаи чорум-“риояи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар самти ташкили хизматрасонии тиббии ройгон ва таъминоти доруворӣ ба шахсони имтиёздор” муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Олимов Давлатмурод ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Махсусан қайд гардид, ки айни замон 284 муассисаҳои тандурустии кишвар тибқи «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ва 31 муассисаҳои тандурустӣ тибқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» хизматрасонии тиббии ройгон ва ҳампардохтро  амалӣ менамоянд.

Дар доираи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» аз 2 декабри соли 2008, №600 дар 41 муассиса ба ҳама хизматрасониҳо, дар 114 муассиса ба баъзе шуъбаҳо, дар 131 муассиса дар бахшҳои ёрирасон, аз ҷумла 32 марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, 10 зерсохторҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва 8 марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ хизматрасонии тиббии ройгон ва ҳампардохт ба роҳ монда шудааст. Зимни баромади хеш Олимов Давлатмурод доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур маълумот дод.

Дар фарҷоми ҷаласа Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои мушаххас дод.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 909
  • 1,242
  • 949,929