Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ доир гашт

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ доир гашт
Апрел 26
08:39 2021

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, намояндагони як  қатор вазорату идораҳо ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҳифзи сиҳатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Ғайр аз ин, чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар гардидани таваҷҷӯҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудааст.

Инро ба назар гирифта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ соли 2015 «Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2017 “Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027”-ро таҳия ва тасдиқ намуда, айни замон татбиқи он дар мактабҳои пилотӣ давом дорад.

Қайд гардид, ки айни замон бо мусоидати Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ва дастгирии техникии Созмони мухтори ғайритиҷоратии “Пажӯҳишгоҳи соҳавии ғизо” (Федератсияи Россия) дар 2000 мактаб зиёда аз 410 000 мактаббачагон бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, намак ва лӯбиёгиҳо барои омода намудани ғизои гарм ва солим таъмин карда шудаанд, ки ин иқдом аз соли 1999 бо дастгирии Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ давом дорад ва ба ҳисоби миёна 45,5%-и хонандагони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ ба ин маводҳо мунтазам таъмин гардида истодаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Федератсияи Россия барои татбиқи лоиҳаи рушди системаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 маблағи 21,2 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон, «Нақшаи амал оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 50 мактабҳои вилояти Хатлон ва водии Рашт татбиқ шуда истодааст, ки инфрасохтор ва заминаи моддӣ-техникии ошхонаҳои мактабӣ беҳтар шудаву шаклҳои самараноки ташкили ғизои мактабӣ дар мактабҳои мамлакат ҷорӣ гардида, сатҳи дониши кормандоне, ки дар ташкили ғизои мактабӣ иштирок мекунанд, баланд гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар 3 моҳаи аввали соли 2021 иҷроиши «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» дар ҷаласаи назди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ моҳи марти соли ҷорӣ баррасӣ гардид.

Ҳамин тавр, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба муҳокимаи лоиҳаи “Тартиби ташкили ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маълумот оид ба корҳои иҷрошуда дар 3 моҳи аввали соли 2021, вазифаҳо то охири соли 2021 ва омодагӣ оид ба таҳияи лоиҳаи “Барномаи рушди ғизои мактабӣ то соли 2027” ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 966
  • 1,242
  • 949,986