Ҷаласаи навбатии Шӯрои таълимӣ-методии Донишгоҳи тиббӣ доир гардид

Ҷаласаи навбатии Шӯрои таълимӣ-методии Донишгоҳи тиббӣ доир гардид
Сентябр 24
07:45 2020

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии Шӯрои таълимӣ-методии донишгоҳи мазкур доир гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо ба муҳокима гузошта шуданд.

Тавре аз донишгоҳи мазкур ба moh.tj иттилоъ доданд, маҷлисро раиси Шӯрои таълимӣ-методии донишгоҳ Ибодзода С.Т. оғоз  намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласаи навбатии  Шӯрои таълимӣ-методӣ шинос намуд.

Ҳамин тавр, оид  масъалаи якум сухан ба сардори шӯъбаи сифати таҳсилот н.и.т., дотсент Мирзоеа Х.М. дода шуд, ки бо презентатсияи пурмуҳтавои худ вобаста ба фаъолияти шӯъбаи сифати таҳсилот, таърихи шӯъба,  дастурамали вазифавии кормандони шӯъбаи сифати таҳсилот ва фаъолияти солонаи худ баромад намуд. Номбурда зимни баромади хеш қайд намуд, ки аз тарафи кормандони шӯъба анкетаҳо бо забонҳои давлатӣ ва русӣ таҳия гардидаанд, ки барои гузаронидани санҷишҳо мавриди истифода қарор доранд. Аз хулосаи фаъолияти кории кормандони сифати таҳсилот бармеояд, ки сифати таҳсилот дар донишгоҳ дар сатҳи нисбатан хуб қарор дорад.

Дар масъалаи дуюм аз тарафи котиби шӯрои таълимӣ-методӣ Муродова М.Қ. дастур ва дастурамалҳо аз кафедраҳои донишгоҳ барои баррасӣ пешниҳод  ва тасдиқ гардиданд. Аз тарафи аъзоён ба баъзе камбудиҳои ислоҳшаванда,  яъне ҳатман гузаронидани таҳрири маводҳо  ба забони тоҷикӣ, мавҷудияти дастурҳо оид ба тахассус ва мувофиқати онҳо ба нақшаи тақвимию-таълимӣ пешниҳод карда шуд.

Дар масъалаҳои ҷорӣ оид ба сохтани модулҳо гуруҳҳои кории нав ташкил карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 634
  • 1,242
  • 949,654