Бегоҳии имрӯз, 6 августи соли равон соати 19:00 дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 доир гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусаматзода, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони як қатор беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласаи ситоди вазорат масъалаҳои назорати қатъии беморони COVID-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили амиқи вазъи бемории COVID-19 дар мамлакат, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешигиркунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.