17 сентябри соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ва бо ҳузури роҳбарону масъулони раёсати тандурустии вилоят, сардухтурони марказҳои саломатии маркази вилоят ҷараён гирифт.
Зикр карда шуд, ки барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуда, ҷиҳати тақвияти корҳои безараргардонӣ мунтазам чораандешӣ карда мешавад.
Бори дигар таъкид карда шуд, ки риояи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳатмӣ буда, сокинон бояд қоидаҳои беҳдоштиро пурра риоя намоянд.
Ҳамзамон дар назди масъулин барои ҷоннок намудани омодагиҳо ба давраи зимистон, захираи маводи доруворӣ, ба роҳ мондани гардиши хона ба хонаи табибон ва зери назорат қарор додани беморон, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии сирояти беморӣ дастуру супоришҳо дода шуд.